Ҳар сухан ҷоеву ҳар нуқта мақоме дорад

Китоб ба масъалаҳои муҳими фарҳанги сухан ва забони тоҷикӣ бахшида шудааст. Муаллиф дар он андешаҳои худро оид ба роҳҳои такомули забон ва тарзи баён баён мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 393 саҳифа
чидаи ҷумла чанд бор такрор шавад, хабар (феъли охири ҷумла)-ро ба шакли мусбат, бидуни на меоранд. Чунончи, ба ин тарз:
«Асари ин шоир на аз маълумоти феҳристҳо ва на аз осори муҳаққиқон маълум аст».
«На ба пеши Иноят-бибӣ ва на ба назди ҳамсояҳо баромад».
Дар ин мавридҳо муаллифон гумон мекунанд, ки дар ҷумла ду-се бор зикр шудани на кифоя аст ва онро боз як бор бо феъл такрор кардан зарур нест. Ин гумон аз он сабаб беасос аст, ки на бо аъзоҳои чида ба вазифаи инкор не, балки барои тақвияту таъкид меояд ва аз ин рӯ феъл (хабар)-ро ҳам бо на овардан лозим аст, то ки ҷумла инкорро ифода кунад. Ин заруратро аз мисолҳои поин метавон фаҳмид:
На рӯзи бузургӣ, на рӯзи ниёз
Намонад ҳаме бар касе-бар дароз.
Фирдавсӣ
На Золу на он моҳи беҷодалаб
Нахуфтанд як ҳафта дар рӯзу шаб.
Фирдавсӣ
Аз фитна дар ин суйн фалак ҷой набинанд
Пайкорпарастон на амалро, на амонро.
Анварӣ
Гар кору натиҷа ҳар ду таксим шаванд,
Ҳоҷат набувад на бо суҷуду на ба ҷуд.
Лоҳутӣ
Ман афсӯс хӯрдам, ки онҳо магар
Надоранд не духтару не писар.
Лоҳутӣ
Дар байти охир не... не... ба ҷои на... на... омадааст ва шакли дигари он аст. Дар ҳамаи ин мисолҳо на фақат аъзоҳои чида, балки феъли хабар ҳам на дорад. Ин гуна мисолҳоро аз устод Айнӣ ҳам бисёр ёфтан мумкин аст. Ба ин ваҷҳ он тарзи ҷумласозии имрӯзаро, ки дар аввали ин баҳс мисол шуд, нодуруст шумурдан лозим аст.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо