Зеҳн
Ҳар сухан ҷоеву ҳар нуқта мақоме дорад

Китоб ба масъалаҳои муҳими фарҳанги сухан ва забони тоҷикӣ бахшида шудааст. Муаллиф дар он андешаҳои худро оид ба роҳҳои такомули забон ва тарзи баён баён мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 393 саҳифа

МаърифатАдабиётФарҳанг
Аз аввал хондан

Пас бо пешчаспаки на ифода шудани тасдиқ дар навиштаҳои имрӯза аз куҷо пайдо шуд? Ин тарзи сухан аз тоторӣ ба узбекӣ ва баъд ба тоҷикӣ гузашт. Мояи ин саҳв нодуруст фаҳмидани вазифаи ҳиссачаи русии ни мебошад. Дар назари тилмоҷҳо ҳиссачаи русии ни ва не як чиз намудааст. Ҳар ҷо, ки ба русӣ ни меояд, онро ҳаммаънои не донистаанд. Ин фаҳмиш ғалат аст. Агарчи ни дар асл ҳиссачаи инкор аст, дар китобҳои луғат чунин эзоҳ ҳам дорад: частица усилительная, употребляется в утвердительном предложении. Аз ин эзоҳ равшан аст, ки як вазифаи ни қувват додани сухан аст ва ба ҷумла маънои тасдиқро медиҳад. Аз ҳамин сабаб дар «Луғати русӣ-тоҷикӣ»-и А. Деҳотӣ ва Н. Ершов ҷумлаи «Кого я ни спрошу никто не знает» ин тавр тарҷума шудааст: Аз ҳар касе, ки пурсам, намедонад. Чунонки мебинем, ни спрошу пурсам тарҷума шудааст, на напурсам. Афсӯс ки ин нозукии масъала ҳам аз назари баъзе тарҷумонҳои имрӯза ва тақлидгарони онҳо дур монда истодааст.

Аз он чӣ гуфта шуд, равшан аст, ки масалан, ин ҷумлаи русӣ: «Где бы мы ни были и чтобы мы ни делали, мы всегда находимся на службе народа» ба тоҷикӣ бояд ин тарз тарҷума шавад: «Дар куҷое ки бошем ва чӣ коре, ки кунем, ҳамеша дар хидмати халқ ҳастем». Дар ин ҷумлаи русӣ на инкор, балки тақвияти сухан бештар аҳамият дорад ва ин дар тарҷумаи тоҷикӣ ҳам бояд ифода шавад. Ғайр аз ин дар ҷумлаи русӣ мы се бор такрор шудааст, аммо дар тарҷумаи тоҷикӣ ягон бор зикри мо шарт нест. Зеро аз худи феълҳои бошем ва кунем, инчунин аз ҳастем маълум аст, ки мубтадо мо мебошад ва зикри он чӣ аён аст, шарт нест. Дар ин бора дар боби «Ду ифодаи як аъзои ҷумла» муфассалтар сухан хоҳад рафт.

Ҳиссачаи русии ни дигар вазифа ва тобишҳо низ дорад. Муайян кардани ҳамаи муодилҳои тоҷикии он дар дастури (грамматикаи) муқоисавӣ бояд мавқеи муайян ишғол намояд.

НА... НА... ВА ФЕЪЛИ ОН

На ба вазифаи ҳиссачаи таъкид ҳам дар навиштаҳои имрӯза бештар нодуруст кор фармуда мешавад. Нодурустӣ аз он иборат аст, ки агар на бо аъзоҳои

пешина
аз 393
навбатӣ