Зеҳн
Ҳар сухан ҷоеву ҳар нуқта мақоме дорад

Китоб ба масъалаҳои муҳими фарҳанги сухан ва забони тоҷикӣ бахшида шудааст. Муаллиф дар он андешаҳои худро оид ба роҳҳои такомули забон ва тарзи баён баён мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 393 саҳифа

ФарҳангМаърифатАдабиёт
Аз аввал хондан

на фақат бее, балки чунон ва модомро бо ки якҷоя нависем. Дар ҳақиқат, чунончи якҷоя навишта мешавад, вале чаро чунонки бояд ҷудо навишта шавад?

Он чӣ дар бобати чунонки гуфта шуд, бо ончунонки ва ҳамчунонки низ дахл дорад. Ин ҷо ҳам шакли ончуноне ки ва ҳамчуноне ки, ба назари мо, саҳв буда, шакли дурусти онҳо ончунонки ва ҳамчунонки мебошад.

ҶУМЛАҲОЕ, КИ БО ПЕШВАНДИ ИНКОРИИ «НА-» СОХТА ШУДААНД

Яке аз ғалатҳое, ки дар вақтҳои охир бисёр паҳн шудааст ва мантиқи суханро бар бод медиҳад, сохтани ҷумлаи тасдиқ бо пешванди инкории «на» мебошад.

Мо ҷумлаҳоеро, ки аз қабили ҷумлаҳои зеринанд, дар назар дорем: «Дар кадом вазифае, ки набошанд, бояд интизомро риоя кунанд»; «Ба кадом бригада наравед, меҳнати пурҷӯшу хурӯшро мебинед»; «Дар куҷое, ки набошам, овози ӯро мешунавам»; «Занак чизе нагӯяд, гапаш рост аст».

Мантиқи ин ҷумлаҳо по дар ҳавост. Андак мулоҳиза фармоед: агар занак чизе нагӯяд, мо аз куҷо медонем, ки гапаш рост аст?! Агар ба бригадае наравем, меҳнати пурҷӯшу хурӯшро чӣ тавр мебинем? Не, рафиқони мӯҳтарам, ҷумлаҳои боло гапи бемаънист! Барои ин, ки онҳо маъно пайдо кунанд, хабари ҷумлаи пайравро ба шакли тасдиқ овардан даркор аст: «Дар кадом вазифа, ки бошанд, бояд интизомро риоя кунанд»; «Ба кадом бригада равед, меҳнати пурҷӯшу хурӯшро мебинед»; «Дар куҷое, ки бошам, овози ӯро мешунавам»; «Занак ҳар чӣ гӯяд, гапаш рост аст».

Барои ин ки дар ин масъала шубҳае намонад, як ҷумларо аз устод Айнӣ ба диққати аҳли матбуот пешкаш кардани ҳастем:

«Ҳар чизро, ки бинӣ, бо диққат зеҳн монда, нигоҳ кун, ҳар гапро, ки шунавӣ, бо диққат гӯш андоз ва агар касе ба ту чизе гӯяд ё коре фармояд, фаҳмида бошӣ ҳам, дубора пурсида ба ёд гир!»

Он ҷо, ки аён аст, ҳоҷат ба баён нест. Фақат ҳаминро илова кардан мехоҳем, ки, мутаассифона, мо ин насиҳати устодро дар вақти хондани асарҳои худи ӯ аксаран фаромӯш мекунем.

пешина
аз 393
навбатӣ