Зеҳн
Ҳар сухан ҷоеву ҳар нуқта мақоме дорад

Китоб ба масъалаҳои муҳими фарҳанги сухан ва забони тоҷикӣ бахшида шудааст. Муаллиф дар он андешаҳои худро оид ба роҳҳои такомули забон ва тарзи баён баён мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 393 саҳифа

ФарҳангМаърифатАдабиёт
Аз аввал хондан

Чунончи, дар забони тоҷикӣ ному лақаб бо изофат ба ҳам мечаспад: Аҳмади девбанд, Салими садкора, Муҳаррами ғарч ва ғайра. Вале гоҳ ин изофат аз байни ному лақаб меафтад. Он гоҳ ба ҷойи изофат дефис мегузорем:
Дилором-каниз, Қайюм-самоворчӣ, Ҳодӣ-кӯса. Дефис дар расми хати тоҷикӣ дигар вазифаҳо ҳам дорад ва ҳамаи онҳо дар қоидаҳои ҳозираи имло баён шудаанд.
Дар байни ибораҳое, ки аз забони русӣ ба забони тоҷикӣ гузаштаанд, низ ибораҳое ҳастанд, ки дар навишти онҳо дефисро нигоҳ доштан зарур аст. Масалан, ибораҳои зерин: марксизм-ленинизм, социал-демократия, генерал-губернатор, бета-спектр, грамм-қувва, радиус-вектор, луғати тоҷикӣ-русӣ, автомобил-лаборатория, вольт-кулон, нивелир-тахеометр (лекин нивелир-автомат — нивелири худкор чунонки дар «Луғати русӣ-тоҷикии терминуои геодезия» омадааст) ва ғайра ва ҳоказо.
Дар ин мавридҳо дефисро бо изофат ё пайвандаки «-у» иваз кардан лозим нест. Ин мафҳумҳои нав дар забони тоҷикӣ ягон тарзи дигари ифода ҳам надоранд.
Модомки чунин аст, мо онҳоро айнан ба ҳамон шакле, ки аз забони русӣ қабул кардаем, бояд бинависем.
Яъне боз ҳам: зарур бувад, раво бувад, аммо он ҷо, ки зарур нест, — раво нест. Ё ба гуфти Аттор:

Гар зарурят бувад, раво бошад,
Бе зарурят чунин хато бошад.

«ЧУНОНЕ КИ» ВА «МОДОМЕ КИ»

Имрӯз чуноне ки ва модоме ки навиштан расм шудааст. Вале дар асл инҳо чунон ки ва модом ки мебошанд. Онҳо дар китобҳои луғат ба ҳамин шакл дарч шудаанд. Фақат дар «Фарҳанги форсӣ ба русӣ»
модоме ки низ дида шуд. М. А. Ғаффоров дар «Луғати форсӣ-русӣ» таъкид кардааст, ки модоме ки шакли гуфтугӯйи модомки мебошад. Лекин устод Айнӣ дар «Луғати нимтафсилӣ» чунин таъкиде дорад: «модомки — вақте ки (бино бар ин модоме ки хатост).
Устод аз навиштаҳои аввала, чунончи аз «Одина»
то навиштаҳои охир, аз ҷумла дар «Ёддоштҳо» чунонки ва модомки менавишт. Ба назари мо, беҳтар аст, ки имрӯз мо низ ҳамин навиштро қабул кунем: инҳоро

пешина
аз 393
навбатӣ