Зеҳн
Ҳар сухан ҷоеву ҳар нуқта мақоме дорад

Китоб ба масъалаҳои муҳими фарҳанги сухан ва забони тоҷикӣ бахшида шудааст. Муаллиф дар он андешаҳои худро оид ба роҳҳои такомули забон ва тарзи баён баён мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 393 саҳифа

АдабиётФарҳангМаърифат
Аз аввал хондан

рӯй надиҳад, хусусиятҳои изофат ва -у, инчунин дигар воситаҳои забони тоҷикиро амиқтар омӯхта, илоҷи бо василаҳои забони тоҷикӣ ифода кардани вазифаҳои дефисро ёфтан даркор аст.
Фақат дар он сурат, ки изофат, -у ва дигар воситаҳои забони тоҷикӣ оҷизӣ карданд ё чандон созгор наомаданд, аз дефис мадад ҷустан лозим меояд.
ЧунОнчи, таъбири забони форсӣ-тоҷикӣ, ба фикри мо, фақат он гоҳ зарурат пайдо мекунад, ки маънии махсусе, маънии «форсӣ, яъне тоҷикиро» ифода кардан хоҳем, яъне дар шароити таърихии Осиёи Миёна ҳаммаъно будани мафҳуми забони форсӣ ва забони тоҷикиро таъкид кардан даркор шавад. Изофат ё -у ин маъниро ифода карда наметавонад, зеро забони форсии тоҷикӣ, чунончи гузашт, тобиши дигаре дорад, аммо забони форсиву тоҷикӣ метавонад на як, балки ду забонро ифода кунад. Дар ин маврид комилан ҳақ ба ҷониби Р. Ғаффоров аст. (Дар омади гап ногуфта намонад, ки нисбат ба давраҳои қадим, нисбат ба форсияи қадим ва форсияи миёна аз тарафи баъзе забоншиносон истифода шудани истилоҳи забони форсӣ-тоҷикӣ, ба ақидаи мо, дуруст нест. Дар он давраҳо мафҳуми забони тоҷикӣ ҳанӯз пайдо нашуда буд ва аз ин рӯ истилоҳи забони форсӣ-тоҷикӣ нисбат ба он замонҳо хилофи ҳақиқати таърих хоҳад буд. Ин истилоҳ фақат нисбат ба форсияи нав — форсияи дарӣ, ки дар Бухорову Самарқанд ва Мовароуннаҳру Хуросон ташаккул ёфт, яъне нисбат ба асрҳои IX—X ва баъди он қобили қабул метавонад буд).
Адабиёти форсӣ-тоҷикӣ низ чунин эзоҳ дорад. Агар онро адабиёти форсияи тоҷикӣ гӯем, чунин маъни ҳосил мешавад, ки гӯё адабиёти форсӣ чанд бахш дорад ва яке аз он бахшҳо тоҷикӣ буда, ба ин сабаб онро форсии тоҷикӣ бояд хонд. Ва ҳол он ки матлуб ин нест.
Маънои адабиёти форсӣ-тоҷикӣ ин аст, ки ҳама адабиёти форсӣ тоҷикӣ низ мебошад. Дефис ягонагии ду мафҳумро мефаҳмонад, ки зоҳиран ду, моҳиятан як мафҳум аст.
Ин гуна мавридҳои истифодаи дефис дар байни ду сифати нисбӣ дар забони адабии имрӯза бисёр каманд.
Ин ҳолат дар қоидаҳои имло, ки соли 1972 тасдиқ шуда буд, як андоза ба назар гирифта шудааст.
Дефис дар имлои ҳозираи забони тоҷикӣ дар чанд маврид истифода мешавад.

пешина
аз 393
навбатӣ