Зеҳн
Ҳар сухан ҷоеву ҳар нуқта мақоме дорад

Китоб ба масъалаҳои муҳими фарҳанги сухан ва забони тоҷикӣ бахшида шудааст. Муаллиф дар он андешаҳои худро оид ба роҳҳои такомули забон ва тарзи баён баён мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 393 саҳифа

ФарҳангМаърифатАдабиёт
Аз аввал хондан

тарҷума кардаанд: Бо шумо розӣ шудан мумкин аст.

Ба назари мо, дар ин мавридҳо ҳам мантиқи тарҷу-маи тоҷикӣ ноқис аст: тарҷумаи ҳарф ба ҳарф маъное-ро, ки дар ҷумлаи русӣ ҳаст, дуруст ифода намекунад. Дар ҳақиқат, магар одамро гӯш кардан мумкин аст? Сухани одам, овози одам, хониши одам ва монанди инҳо гӯш кардан мумкин аст, вале ибораи одамро гӯш кардан дар забони тоҷикӣ мавҷуд нест. Ҷумлаҳои тоҷикии боло боз ҳам танҳо дар сурате ки ба онҳо калимаи гап ё сухан ва ғайра илова гардад, маъно пайдо мекунанд. Чунончи, ба ин тариқ: Гапи шуморо гӯш мекунам; Ба гапи шумо розӣ шудан мумкин аст.

Ин аст, ки дар тарҷумаи баъзе ҷумлаҳои русӣ як калима аз худ илова кунем, маънои ҷумлаи тоҷикӣ дуруст мешавад. Вале баъзе тарҷумонҳо ва тақлидгарони онҳо чунон бандаи матни асл гардидаанд, ки аз худ илова кардан ё аз матн партофтани калимае ба ёдашон намеояд. Ин фаромӯшхотирӣ натиҷаи бандагист. Бандаи матни русӣ ҳастанд. Як ҳарфи онро дигар кардан ба назарашон ҷиноят менамояд. Ҳар чӣ ба русӣ ҳаст, ғуломи ҳалқабаргӯш тӯтивор такрор мекунад.

ПАСВАНДИ «-ГАР» ВА «-ЧӢ»

Калимаи тамошобин дар забони адабии асрҳои гузашта эҳтимол дучор наояд, вале дар забони халқии тоҷикӣ маъмул аст ва аз ҳамин сабаб дар замони мо дар забони адабӣ ҳам ба қатори маъмултарин калимаҳо гузашт.

Солҳои охир дар баробари тамошобин баъзе шаклҳои дигари он, чунончи, тамошогар ва тамошочӣ ҳам ба истифода даромад. Мо, ки чандин сол боз дар забони адабӣ ба тамошобин одат карда будем, тамошогар ва тамошочӣ ба назарҳо аҷибу ғариб намуд ва ҳоло баъзеҳо ба истифодаи онҳо эътироз доранд. Сабаби эътироз он аст, ки одатан пасвандҳои -гар ва -чӣ ба исмҳо пайваста, касбу машғулият ва хислати шахсро ифода менамояд ва ҳол он ки гӯё тамошогар ва тамошочӣ на касбу машғулият ва на хислатро намефаҳмонад. Ғайр аз ин, таъкид гардид, ки тамошогар дар луғатҳо қайд нашудааст. Бино бар ин тавсия мекунанд,

пешина
аз 393
навбатӣ