Зеҳн
Ҳар сухан ҷоеву ҳар нуқта мақоме дорад

Китоб ба масъалаҳои муҳими фарҳанги сухан ва забони тоҷикӣ бахшида шудааст. Муаллиф дар он андешаҳои худро оид ба роҳҳои такомули забон ва тарзи баён баён мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 393 саҳифа

ФарҳангМаърифатАдабиёт
Аз аввал хондан

онро низ панҷарапулча навиштан даркор буд. Яъне ин ҷо ҳам дефис ҳаргиз раво нест.
Қолаби суханро аз забони тоҷикӣ бояд ҷуст, на аз забони дигар.

5

Яке аз масъалаҳое, ки ҳоло аҳамияти калон пайдо кардааст, масъалаи тарҷумаи номи касбҳост. Кишоварзӣ ва саноату сохтмон шаклҳои нав мегирад, шумораи омӯзишгоҳҳои касбҳои техникӣ ва техникумҳо сол то сол меафзояд, адади касбу ҳунарҳои тоза низ торафт зиёд мешавад. Рӯйхати номи касбу ихтисосҳо пайваста калонтар шуда истодааст. Инро аз эълонномаи талаба қабул кардани омӯзишгоҳҳо, ки ҳар сол чоп мешавад, зиёд дидаем. Аз ин эълонномаҳо ҳамин ҳам ошкор гардид, ки дар ин соҳа масъалаҳои ҳалталаб бисёранд. Мо ин ҷо фақат ба он номҳои ҷуфт, ки бо дефис навишта мешаванд, дахл кардан мехоҳем.

Азбаски ҳоло ҳар коргар бояд дар иҷрои чанд кор тахассус дошта бошад ва аз аввал камаш ду касб меомӯзад, номи бештарини касбҳо аз калимаҳои ҷуфт иборат аст. Масалан, аксари номҳо чунин шакл доранд:

механик-назоратчӣ
тракторчӣ-мошинист
челонгар-таъмирчӣ
дизелчӣ-моторист
рангмол-пардоздиҳанда
гилкор-пардоздиҳанда
хиштчин-монтажчӣ
арматурчӣ-кафшерчӣ ва ҳоказо.

Баъзеи ин номҳо аз он сабаб ҷуфт омадаанд, ки коргар аз доираи васеъи як касб фақат дар як ҷузъи он ихтисос дорад. Дар ин сурат як калимаи он ҷуфт-номҳо номи умумии касб ва калимаи дигараш номи ихтисоси маҳдудтарро ифода менамояд. Ин ҳам як сабаби аз калимаҳои ҷуфт таркиб ёфтани номи ихтисосу касбҳост. Гоҳ аз ду калима иборат будани ном ба он сабаб аст, ки як калима (калимаи якум) номи ихтисос буда, калимаи дигар (дувум) бо ин ихтисос дар кадом соҳаи саноат ё сохтмон кор кардани коргарро мефаҳмонад. Боз баъзе сабабҳои дигар ҳам ҳастанд. Аз ин мебарояд, ки дефисе, ки байни ду калимаи ҷуфт гузошта мешавад, муносибати гуногуни байни

пешина
аз 393
навбатӣ