Зеҳн
Ҳар сухан ҷоеву ҳар нуқта мақоме дорад

Китоб ба масъалаҳои муҳими фарҳанги сухан ва забони тоҷикӣ бахшида шудааст. Муаллиф дар он андешаҳои худро оид ба роҳҳои такомули забон ва тарзи баён баён мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 393 саҳифа

ФарҳангМаърифатАдабиёт
Аз аввал хондан

кардан мумкин аст. Дар ин сурат калимаи дувуми таркиби русӣ ба тоҷикӣ бояд қисми якуми калимаи мураккабро ташкил намояд.

Таркибҳои город-герой, мать-героиня ва ғайра ба тоҷикӣ ба ҳамин тартиб тарҷума шудаанд: мо онҳоро қаҳрамоншаҳр ва қаҳрамонмодар гуфтем ва ин тарҷума, ба назарам, бисёр зебо омадааст. Города-побратимы — бародаршаҳрҳо тарҷума шудааст, ки низ муваффақиятомез аст.

Аз инҳо намуна гирифта, масалан, город-музей музейшаҳр тарҷума гардад, хонамузей ва ё ҳавлимузей муодили дом-музей қарор дода шавад, ба фикри мо, низ зебо хоҳад афтод. Ҳоло барои ифодаи ин мафҳумҳо аз русӣ айнан қолиб бардоштаанд ва, масалан, мегӯянд: «Самарқанду Бухоро, Хева барин шаҳр-музейҳо оламиёнро дар ҳайрат мекунанд» («ба ҳайрат меоранд» гуфтан беҳтар буд). Ба фикри мо, дар ин маврид (чунонки дар бисёр мавридҳо ҳаст) айнан нусха бардоштан рафтори механикӣ хоҳад буд. Аммо қаҳрамонмодар ё музейшаҳр аслан қолиби тоҷикӣ буда, монанди ҷавонписар, ҷаҳонпаҳлавон ва ғайра намунаи бисёре дорад. Аз рӯйи ин намунаҳо сохтани калимаҳое монанди қаҳрамонмодар, қаҳрамоншаҳр ё ҳавлимузей як навъ эҷодкорӣ ва бамаврид истифода кардани имкониятҳои дохилии забон аст.

Школа-интернат ба забони узбекӣ интернатмактаб тарҷума шудааст. Рафиқони узбек ин таркиби Русиро ҳангоми тарҷума ба ҳамон қолиби ҷаҳонпаҳлавон ва қаҳрамонмодар рехтаанд, вале ба тоҷикӣ мактаб-интернат тарҷума шудани он бешубҳа, истифода накардани як имконияти олиҷаноби забон аст. Агар мо низ онро интернатмактаб мегуфтем, ягонагии принсипи тартиб додани муодилҳо пурратар таъмин мегардид.

Дар як асари нависандае чунин ҷумла ба чашм расид: «Вай мошинро аз болои панҷара-пулча гузаронд».

Ин ҷо сабаби бо дефис навишта шудани панҷарапулча маълум нашуд. Маънои он ҳамоно кӯпрукчаи панҷарамонанд аст. Аммо чунин маъно ба тоҷикӣ аксаран бо калимаи мураккаб ифода мешавад. Чунончи, кӯчабоғ кӯчаи боғмонанд гуфтан аст. Ғайр аз ин дар забони мо калимаи тахтапул мавҷуд аст: кӯпруки тахтагии пеши дарвозаи Арки Бухороро тахтапул меномиданд. Панҷарапулча чӣ аз ҷиҳати таркиб ва чӣ ба эътибори сохт айнан монанди тахтапул аст. Пас

пешина
аз 393
навбатӣ