Зеҳн
Ҳар сухан ҷоеву ҳар нуқта мақоме дорад

Китоб ба масъалаҳои муҳими фарҳанги сухан ва забони тоҷикӣ бахшида шудааст. Муаллиф дар он андешаҳои худро оид ба роҳҳои такомули забон ва тарзи баён баён мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 393 саҳифа

ФарҳангМаърифатАдабиёт
Аз аввал хондан

Аз ин рӯ, таркибҳои зеринро, ки дар матбуоти мо аксаран бо дефис менависанд, ба ибораи изофӣ табдил додан лозим аст:

студентон-тамомкунанда- донишҷӯёни тамомкунангон да
ҷанобон-империалистон ҷанобони империалист
муаллимон-агитаторон муаллимони таблиғгар
нависандагон-лауреатҳо нависандагони лауреат
шоирон-классикон шоирони классик
револютсионер-демократ инқилобкори демократ
коммунист-марксист коммунисти марксист

Дуруст аст, ки дар ин мавриди гоҳ туё қисми дувуми ибора ба қисми якуми он нисбат пайдо мекунад, яъне агар муаллимони таблиғгар гӯем, мумкин аст, ки худи таблиғгар не, балки муаллимҳои ӯ фаҳмида шавад. Бо вуҷуди ин, аз чунин иборасозӣ тарсидан лозим нест. Аз мантиқи ҷумла маълум аст, ки дар ин ибора таблиғгар вазифаи сифатро адо мекунад ва маънои ибора «Муаллимоне, ки таблиғгар ҳастанд» гуфтан аст. Чунонки акаи раис ё амаки милиса гӯем, худи раис ё милисаро дар назар дорем, на бародар ё амаки онҳоро.

Гоҳ таркибҳои дефисноки русиро ба тоҷикӣ чунон тарҷума кардан лозим меояд, ки шаклан ба асли русии худ ҳеҷ монанд нест.

Иттифоқи рассомони Тоҷикистон дар болои дари намоишгоҳи худ, ки дар сероҳаи хиёбони Исмоили Сомонӣ ва хиёбони Рӯдакӣ воқеъ шудааст, навиштааст: намоишгоҳ-салон. Ин ном тарҷумаи таркиби русии салон-выставочный зал мебошад, ки низ дар дигар тарафи он бино навишта шудааст. Ба ин тарз тарҷума шудани он ибораи русӣ ҳаргиз дуруст нест. Чунки салон калимаест, ки ҷойро, маконро ифода мекунад. Пасванди -гоҳ дар калимаи намоишгоҳ низ ҷойро мефаҳмонад. Пас дар як ибора, ки аз ду калима иборат аст, як мафҳуми маконро бо ду восита ифода кардан зарурате надорад. Барои ин ки ин ном шакли дурусте гирад, салони намоиш ё толори намоишу фурӯш гуфтан лозим буд.

  1. Баъзеи он таркибҳои русиро, ки аз ду калима (аксаран аз ду исм) иборат буда, дар байни дефис доранд, ба тоҷикӣ чун як калимаи мураккаб тарҷума
пешина
аз 393
навбатӣ