Ҳар сухан ҷоеву ҳар нуқта мақоме дорад

Китоб ба масъалаҳои муҳими фарҳанги сухан ва забони тоҷикӣ бахшида шудааст. Муаллиф дар он андешаҳои худро оид ба роҳҳои такомули забон ва тарзи баён баён мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 393 саҳифа
Калимаи дувуми чунин таркибҳои русӣ одатан ҳангоми тарҷума гоҳ ба сифат мегузарад, гоҳ сифате хоҳад буд, ки исм шудааст, гоҳ исми сирф аст. Аз сифат шудани калимаи дувум маълум мегардад, ки ин ҷо дар тарҷумаи тоҷикӣ мавриди изофат аст: чунонки медонем, сифат, яъне муайянкунанда ба исм, яъне ба муайяншаванда одатан бо изофат мепайвандад.
ПАС онҳоро ба тоҷикӣ чунин бояд навишт:
шёлк-сырец абрешими хом
химия-волшебница химияи сеҳргар
космонавт-герой кайҳоннаварди қаҳрамон
частомер-волномер чандомадсанҷи мавҷ
тренер-массажист мураббии молишгар
машина-двигатель мошини муҳаррик
упор-ограничитель такяи маҳдуда
сестра-хозяйка ҳамшираи соҳибкор
лорд-хранитель печати лорди муҳрдор
Таркибҳое аз қабили концерт-баҳория, концерт-истироҳат ва ғайра низ бояд бо изофат навишта шаванд: концерти баҳория, концерти истироҳат.
Асрҳост, ки дар забони тоҷикӣ ибораи қасидаи баҳория мавҷуд аст. Вале онро ҳеҷ гоҳ қасида-баҳория нагуфтаанд. Пас, таркибҳои имрӯзаеро, ки ба концерт-баҳория монанд ҳастанд, низ бо изофат ба ҳам баста, ба қолиби ибораи тоҷикии қасидаи баҳория даровардан даркор аст.
Дар он сурат, ки қисми дувуми чунин ҷуфткалимаҳои русӣ дар тоҷикӣ сифат не, балки исм хоҳад буд, низ бояд ибораи изофӣ тартиб дода шавад. Он гоҳ исм ё сифати исмшуда низ ба ҳукми сифат мегузарад, зеро бо калимаи якум муносибати муайянкунандагиву муайяншавандагӣ дорад. Чунончи:
ученый-селекционер донишманди селекционер
хлопок-волокно нахи пахта
народы-братья халқҳои бародар
востоковед-языковед шарқшиноси забоншинос
физик-химик физики кимиёгар
писател.-фантаст нависандаи фантаст
писатель-патриот нависандаи ватандӯст
профессор-хирург профессори ҷарроҳ

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо