Ҳар сухан ҷоеву ҳар нуқта мақоме дорад

Китоб ба масъалаҳои муҳими фарҳанги сухан ва забони тоҷикӣ бахшида шудааст. Муаллиф дар он андешаҳои худро оид ба роҳҳои такомули забон ва тарзи баён баён мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 393 саҳифа
инженерӣ-бинокорӣ, балки донишкадаи муҳандисони сохтмон.
Архитектурно-строительный институт — на институти меъморӣ-сохтмонӣ, балки донишкадаи меъмориву сохтмон.
Физико-технический институт — на институти физикӣ-техникӣ, балки пажӯҳишгоҳи физикаву техника ё ки донишкадаи физикаи техникӣ.
Физкультурно-спортивная секция — на секцияи физкультурӣ-спортӣ, балки бахши варзиш ва тарбияи бадан.
Ремонтно-строительное управление — на управленияи таъмирию сохтмонӣ, балки чунонки дар «Луғати русӣ-тоҷикии терминҳои бинокорӣ» (1982) омадааст, идораи таъмиру бинокорӣ (ё идораи таъмиру сохтмон).
Учебно-воспитательное учреждение — на муассисаи таълимӣ-тарбиявӣ, балки муассисаи таълиму тарбия (чунонки солҳои сӣ як навъи мактабҳо курси таълиму тарбия ном дошт).
Хлебо-булочный магазин — дукони нону булка.
Лечебно-профилактический журнал — маҷаллаи табобату пешгирӣ.
Агарчи қоидаи асосӣ дар таркиби ном бо исм омадани нисбат аст, гоҳ ин қоида истисно дорад ва нисбат бо сифат ифода мешавад. Чунончи, механический завод — корхонаи механикӣ, политехнический институт — донишкадаи политехникӣ, театральное общество — ҷамъияти театрӣ ва аз ин қиёс научно-педагогическая секция — бахши илмии омӯзгорӣ, военно-морское училище — омӯзишгоҳи ҳарбии баҳрӣ, научно-технический журнал — маҷаллаи илмию техникӣ (лекин маҷаллаи илму техника гуфтан ҳам мумкин будагист) ва ғайра.
Аммо азбаски бо сифат ифода шудани нисбат шакли асосии номсозӣ нест, чунин номҳо ҳар чӣ камтар бошад, беҳтар аст.
4. Дар забони русӣ гоҳ ду исм бо дефис ба ҳам мепайвандад: шелк-сырец, хлопок-волокно, ученый-селекционер, химия-волшебница ва ғайра. Дар ин маврид ҳангоми ба тоҷикӣ тарҷума кардан ҳам байни ду калима дефис мегузоранд ва масалан, олим-селекционер, химиясеҳргар, лорд-нигоҳдорандаи мӯҳр, инженер-механик ва монандӣ инҳо менависанд.
Ин навиштро тамоман нодуруст ҳисоб кардан даркор аст.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо