Зеҳн
Ҳар сухан ҷоеву ҳар нуқта мақоме дорад

Китоб ба масъалаҳои муҳими фарҳанги сухан ва забони тоҷикӣ бахшида шудааст. Муаллиф дар он андешаҳои худро оид ба роҳҳои такомули забон ва тарзи баён баён мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 393 саҳифа

ФарҳангМаърифатАдабиёт
Аз аввал хондан

институти — институти тиб, геологический техникум — техникуми заминшиносӣ, геологическое управление — идораи заминшиносӣ, текстильный комбинат — комбинати бофандагӣ ва ғайра. Дар забони тоҷикӣ қоидаи асосии ҳамин — дар ном бо исм ифода шудани нисбат аст.

Аз ин сабаб номҳое аз қабили управления эксплуататсионӣ техники ба тоҷикӣ ғайриодӣ менамоянд ва нисбати онҳоро ба исм гардонем, шакли муқаррарӣ ва одатӣ мегиранд. Аз ҳамин ҷост, ки идораи истифодаи техника маъниро равшану возеҳ ифода мекунад, вале агар идораи истифодагии техникӣ гӯем, тарзи баёни тоҷикӣ сахт вайрон мешавад ва гапи бемаъние ба миён меояд.

Профессионально-техническое училище чанд сол омӯзишгоҳи касбӣ-техникӣ тарҷума мешуд ва гоҳ омӯзишгоҳи касбию техникӣ мегуфтанд, вале чандест, ки омӯзишгоҳи касбҳои техникӣ (ё ҳунарҳои техникӣ) низ гуфтанд. Ба ақидаи мо, тарҷумаи охир дуруст аст ва месозад, ки онро қабул карда аз дигар тарҷумаҳо даст кашем.

Таъкид мекунем, ки дар ин маврид ҳам тарҷумаи дуруст дар натиҷаи андаке дур рафтан аз шакли зоҳирии ибораи русӣ ба даст омад. Ин боз як бор нишон медиҳад, ки аз пойбасти шакли зоҳирӣ раҳои ҷуста, шакли тоҷикии суханро ёфтан, яъне муносибати эҷодкорона аз шартҳои асосии комёбӣ дар тарҷума аст.

Ақидаи мо бар ин аст, ки ин принсипро дар тарҷумаи номи дигар омӯзишгоҳу техникумҳо ва ғайра, ки дар таркибашон ҷуфтсифати дефиснок доранд, татбиқ кардан даркор аст. Дар ин мавридҳо ба тоҷикӣ ба ҷойи сифати нисбӣ бояд исм ояд. Чунончи, ба ин тарз:

Художественно-ремесленное училище — на омӯзишгоҳи бадей-ҳунаромузӣ (чунончи мегӯянд), балки омӯзишгоҳи ҳунарҳои бадеӣ (монанди омӯзишгоҳи касбҳои техникӣ).

Художественно-профессиональная школа — на мактаби бадей-касбӣ, балки мактаби ихтисосҳои бадеӣ.

Художественно-промышленное училище — на омӯзишгоҳи бадеӣ-саноатӣ, балки омӯзишгоҳи бадеакории саноатӣ (зеро он ҷо ба тарзи саноатӣ сохтани чизҳои бадеӣ, яъне бадеакориро ёд мегиранд).

Инженерно-строительный институт — на институти

пешина
аз 393
навбатӣ