Ҳар сухан ҷоеву ҳар нуқта мақоме дорад

Китоб ба масъалаҳои муҳими фарҳанги сухан ва забони тоҷикӣ бахшида шудааст. Муаллиф дар он андешаҳои худро оид ба роҳҳои такомули забон ва тарзи баён баён мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 393 саҳифа
бояд ба исм гардонда шавад. Агар ба тарҷума ва гар табардорӣ ба тарзи эҷодкорӣ наздик шавем, баъзе мафҳумҳоро ба шаклу қолиби дигаре даровардан ногузир аст. Равиши муқоисаи таърихӣ низ калка аст, вале калкаест, ки зоҳиран аз асли русии худ андаке фарқ мекунад. Муҳимтар ин аст, ки ин фарқи зоҳирӣ ва шаклӣ боиси дуруст ифода шудани мазмун мегардад.
Ба назари мо, боз дар як мавриди дигар барои беҳтар ифода шудани мазмуну моҳият аз шакли зоҳирии ибораи русӣ андак дур рафтан даркор аст. Номи машҳури Южно-Таджикский территориально-производственный комплекс ба тоҷикӣ Комплекси минтақавӣ-истеҳсолии Тоҷикистони ҷанубӣ тарҷума гардида буд. Дар ин тарҷума шакли ибораи русӣ айнан нигоҳ дошта шудааст. Албатта, дар бисёр мавридҳо ҳангоми тарҷума кардан шакли ибораву ҷумларо айнан ё қариб айнан нигоҳ доштан лозим меояд. Лекин дар ин маврид, ба фикри мо, аз ин принсип даст кашидан беҳтар аст. Ба назари мо, чунин менамояд, ки номи мазкурро ба тоҷикӣ ин тавр тарҷума кардан даркор буд: Комплекси истеҳсолии минтақаи ҷануби Тоҷикистон. Мо бовар дорем, ки дар ин сурат сухан шакли тоҷикӣ мегирад.
Чунин мавридҳое, ки ба хотири мазмун аз шакли зоҳирии ибораи русӣ андаке дур рафтан лозим меояд, бисёранд. Инак, боз яке аз онҳо. Ибораи русии эксплуатационно-техническое управление ба забони тоҷикӣ управленияи эксплуататсионӣ-техникӣ тарҷума шудааст. Ба фикри мо, ин тарҷума чандон дуруст нест. Чунки боз ҳам эксплуататсионӣ ва техникӣ сифати управления шудаанд. Ва ҳол он ки худи управления техникӣ нест, балки бо техника сарукор дорад. Инро ҳам бояд фаромӯш накунем, ки эксплуатация ба тоҷикӣ фақат ба маънои истисмор меояд ва истилоҳи иҷтимоиву сиёсист. Бино бар ин онро, масалан нисбат ба техника кор нафармоем, беҳтар аст. Ба ин андешаҳо ба назари мо чунин метобад, ки идораи мазкурро ба тоҷикӣ идораи истифодаи техника номидан даркор аст. Дар ин сурат ҳам аз шакли зоҳирии ибораи русӣ хеле дур меравем, вале маъниро дуруст ифода мекунем.
Ба тоҷикӣ номи идораҳо, муассисаву ташкилотҳо, институтҳо, корхонаҳо ва ғайра дар қисми дувум, дар қисми нисбат бояд бо исм ифода шавад, на бо сифат: исторический факультет — факултети таърих, медицинский

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо