Зеҳн
Ҳар сухан ҷоеву ҳар нуқта мақоме дорад

Китоб ба масъалаҳои муҳими фарҳанги сухан ва забони тоҷикӣ бахшида шудааст. Муаллиф дар он андешаҳои худро оид ба роҳҳои такомули забон ва тарзи баён баён мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 393 саҳифа

ФарҳангМаърифатАдабиёт
Аз аввал хондан

онҳоро ифода менамояд. Ин ҳолат ҳангоми муайян кардани шакли тоҷикии номҳо бояд ба назар гирифта шавад, зеро ҳар кадоми ин робитаю муносибатҳо ба тоҷикӣ ба тарзи дигаре ифода мешавад.

Азбаски сабаби асосии ҷуфт омадани номи ихтисосу касбҳо дар ду навъи кор тахассус доштани коргар аст, З. Раҷабзода («Чанд мулоҳиза», «Маориф ва маданият», 13 майи с. 1980) таклиф карда буд, ки номҳое аз қабили арматурчӣ-кафшергар, рангмол-андовачӣ, хиштчин-монтажчӣ бо -у навишта шаванд, яъне ба шакли арматурчию кафшергар, рангмолу андовачӣ, хиштчину монтажчӣ ва ғайра. Ба фикри мо, ин таклифро қабул кардан мумкин аст.

Ин таклиф аз он сабаб қобили қабул аст, ки калимаҳои ҷуфт дар забони тоҷикӣ байни ҳам бо пайвандаки -у робита пайдо мекунанд (монанди дасту пой, чойнику пиёла ва ғайра). Ин дар боло ишора шуда буд. Пас модомки баъзе номҳои ҷуфт соҳиби ду касб шудани шахсро мефаҳмондаанд, бояд бо -у навишта шаванд ва ин -у ба тоҷикӣ вазифаи дефисеро, ки дар шакли русии ин номҳо ҳаст, иҷро хоҳад кард.

Ҳангоми тарҷумаи номи касбҳо масъалаи бо кадом пасванд сохта шудани онҳо ва баъзе масъалаҳои дигар ҳам аҳамияти калон пайдо мекунад. Мо ин ҷо ба чунин масъалаҳо дахл накарда фақат баъзе номҳои ихтисосу касбҳоро оварданӣ ва ба ин восита фикри худро дар масъалаи пасванд низ маълум карданӣ ҳастем.

қабул шудааст:

тракторчӣ-машинист
рангмол-сохтмончӣ
рангмол-пардоздиҳанда
гилкор-пардоздиҳанда
хиштчин-монтажчӣ
арматурчӣ-кафшерчӣ
дуредгар-хиштчин

таклифи мо:

тракторчиву машинист
рангмолу бинокор
рангмолу пардозкор
гилкору пардозгар
хиштчину монтажгар
арматурбанду кафшергар
дуредгару хиштчин

Чунин ба назар меояд, ки баъзеи ин номҳои ҷуфтро бо изофат ба ҳам пайвастан мумкин аст. Дар ин сурат гоҳ калимаи дувумро бе пасванд ҳам метавон овард.

қабул шудааст:

челонгар-таъмирчӣ
челонгар-қубургузор

таклифи мо:

челонгари таъмир
челонгари қубургузор

пешина
аз 393
навбатӣ