Ҳар сухан ҷоеву ҳар нуқта мақоме дорад

Китоб ба масъалаҳои муҳими фарҳанги сухан ва забони тоҷикӣ бахшида шудааст. Муаллиф дар он андешаҳои худро оид ба роҳҳои такомули забон ва тарзи баён баён мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 393 саҳифа
«ИН»-ҲОИ ЗИЁДАТӢ
Дар ду фасли боло, ки аз муайяниву номуайянии сухан мерафт, дидем, ки ишорати муайянии ин дар навиштаҳои мо гоҳ дар ҷойи худ гузошта намешавад. Акнун бояд гӯем, ки гоҳ, баръакс, ин дар ҷое, ки ҳеҷ лозим нест, гузошта мешавад. Мо он мавридро дар назар дорем, ки баъзан дар ҷумлаҳое, ки танҳо аз мубтадову хабар иборатанд, дар байни мубтадо ва хабар як ин мемонанд. Масалан, ба ин тарз: «Пахта — ин шаъну шараф ва ифтихори мост»: «Бланд шудани дараҷаи зиндагонии халқ — ин мақсади асосии мо мебошад».
Ва ҳол он ки ин ҷо ишорати ин тамоман зиёдатист ва на танҳо зиёдатист, балки нодуруст буда, ба ягон қоидаи забони тоҷикӣ мувофиқ намеояд. Шакли дурусти он ҷумла чунин аст: «Пахта шаъну шараф ва ифтихори мост». (Ин ҷумла мазмунан нодуруст аст. Чизе чун пахтаро мояи ифтихор ва шаъну шараф донистан пастназарӣ ва рӯ гардондан аз ормонҳои маънавист).
Ишораи ин дар ҷумлаҳои мазкур фақат аз он сабаб омадааст, ки дар забони русӣ мегӯянд: «Хлопок — это наша гордость» ва ҳоказо. Аммо баъзе рафиқон фаромӯш мекунанд, ки дар забони тоҷикӣ ифодаи ин маъно ишорати «ин»-ро ҳаргиз талаб намекунад, ҳатто ин ҷо ишорат мухолифи ифодаи мазмун аст.
Дар ин маврид ва баъзе мавридиҳои дигар ҷоиз набудани зикри ин дар мақолаи мазкури Эм. Муллоқандов («Шарқи Сурх», 1961, № 3) махсусан таъкид шуда буд, вале, мутаассифона, гапи ӯ гӯшраси аҳли матбуот наомад.
Зиёда аз ин, ҳоло ин гуна ҷумлабандӣ аз матбуот ба адабиёти бадеӣ гузаштааст, на танҳо дар асарҳои нависандагони ҷавон, балки дар шеъри баъзе шоирони таҷрибанок низ дида мешавад. Чунончи:
Меҳру шафқат ба дилаш мезад ҷӯш,
Модар — ин фахри башар, фахри замон.
Ё ки:
Боварӣ — ин қувваи беинтиҳо,
Ёфт бо он қадру қимат одамӣ.
Р. Ғаффоров дар ин бора аз устод Айнӣ мисол оварда буд, ки ӯ низ чунин ҷумлаҳо дорад: «Канали Калони Фарғона — ин як ташаббуси халқ буд»: «Мусаддаси

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо