Зеҳн
Ҳар сухан ҷоеву ҳар нуқта мақоме дорад

Китоб ба масъалаҳои муҳими фарҳанги сухан ва забони тоҷикӣ бахшида шудааст. Муаллиф дар он андешаҳои худро оид ба роҳҳои такомули забон ва тарзи баён баён мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 393 саҳифа

МаърифатАдабиётФарҳанг
Аз аввал хондан

Ба назари мо, ба ин шакл истифода шудани ину он аз ду ҷиҳат нодуруст аст: 1) Ину он маънои ин ё он-ро ифода карда наметавонад. Дар «Луғати тоҷикӣ-русӣ»-и М. Раҳимӣ ва Л. Успенская ину он чунин эзоҳ шудааст: этот и тот, тот и другой, всякий, разный. Аммо эзоҳи ин ё он дар ҳамон луғат чунин аст: этот или тот, тот или иной. Чунонки мебинем, байни ин ё он ва ину он дар маъно фарқ калон аст. Аз ин рӯ, онҳоро ба ҷойи якдигар бояд истифода накунем. 2) Ину он ба тоҷикӣ одатан аз паси худ исм намегирад ва бо исме оварда шудани он (ину он ҷо, ину он шакл, ину он касб), ки дар ҷумлаҳои боло дидем, хилофи одат ва маъмулият аст. Аз паси худ исм наовардани ину он чи аз матнҳои классикӣ ва чи аз навиштаҳои муаллифони ҳозира дида мешавад. Чунончи, Иқбол гуфтааст:

Аз ғуломӣ базми миллат фард-фард,
Ину он бо ину он андар набард.

Ҷ. Икромӣ: «Вай ба дари ину он намеравад»; «Зуд ба таъсири ину он дода мешавад»; Ӯ. Кӯҳзод: «Аз ину он — аз гармии ҳаво, аз барфҳои ғафс... гапзанон нишаста буданд».

Ин аст, ки ину он бояд на чун муодили ин ё он, балки дар ҷойи худаш ва ба он шакл, ки хоси худаш аст, яъне бе исм кор фармуда шавад.

Баъзеҳо ақида доранд, ки ин ё он ҳанӯз дар забони тоҷикӣ ҳазм нашудааст ва аз истифодаи он худдорӣ кардан беҳтар аст. Ба фикри мо, ин эҳтиёткорӣ ҳам асос надорад. Ин ё он агарчи дар гуфтугӯйи тоҷикӣ қариб тамоман дида намешавад, ба забони адабӣ кайҳо дохил гардидааст ва инро эътироф кардан лозим аст.
Онро гоҳ-гоҳе дар форсии имрӯза ҳам метавон дид.
Чунончи, дар китоби яке аз олимони машҳури Эрони муосир ин ҷумла ба чашм хӯрд: «Дар диёлактики такомул гоҳ ифроту тафрит дар ин ё он ҷиҳат падид мешавад». Бино бар ин ба тоҷикӣ ҳам дохил шудани он ҳеҷ ҷойи тааҷҷуб надорад. Лекин дар истеъмоли он ҳадду андозаеро риоя кардан зарур аст. Аз ҳад зиёд на дар натиҷаи мавридношиносӣ беҳуда-беҳуда истифода шудани он ё боиси аз даҳан мондани баъзе воситаҳои маъмули забон гардидани вай, бешубҳа, рӯйдоди мусбат нахоҳад буд ва бояд ҷилавгирӣ шавад.

пешина
аз 393
навбатӣ