Ҳар сухан ҷоеву ҳар нуқта мақоме дорад

Китоб ба масъалаҳои муҳими фарҳанги сухан ва забони тоҷикӣ бахшида шудааст. Муаллиф дар он андешаҳои худро оид ба роҳҳои такомули забон ва тарзи баён баён мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 393 саҳифа
Беҳтар ин буд, ки «чигунагии пафоси ҳикояи ҳаҷвӣ» гуфта шавад.
Ҷумлаи зерин ҳам аз қабили онҳоест, ки дар матбуоти ҷорӣ гоҳ-гоҳ дида мешаванд:
«Мехост фаҳмад, ки чаро ин ё он шахс ин ё он рафтор кард».
Ин ҷо такрор шудани ин ё он, албатта айб нест. Ба фикри мо, айб дар он аст, ки сухани русиро айнан ба тоҷикӣ гардондааст. Асли русии он ин аст: почему тот или иной человек поступил так или иначе. Ва ҳол он ки дар ин маврид аз чунин тарҷумаи ҳарф ба ҳарф худдорӣ кардан мумкин буд. Масалан, гуфтан мумкин буд, ки «чаро шахсе чунину чунон кард» ё «чаро шахсе чунин рафторе кард».
Аз ин мисолҳо ошкор аст, ки ин ё он дар забони адабии имрӯзаи тоҷикӣ гоҳ бамаврид ва гоҳе бемавриду беҷо истеъмол меёбад. Хусусан ба ҳамин чиз бояд диққат ҷалб кард, ки аз ин ё он суиистифода мекунем, онро аз ҳад зиёд кор мефармоем. Ин ҷо боз ҳамон ҳолат рух намуда истодааст, ки чунонки дар бобҳои гузашта батаъкид омад, гоҳ шаклу воситаи наверо ёд гирем, дигар шаклу воситаҳоро фаромӯш мекунем ва онро даркору нодаркор ба қалам овардан мегирем. Ин нишонаи муносибати ҷиддӣ ба масъала нест. Қабул шудани ҳар як шаклу воситаи нав, аз ҷумла ин ё он бояд боиси афзудани имконоти забони адабии кунунии тоҷикӣ гардад, вале ба ҳеҷ ваҷҳ сабаби аз чанд шаклу воситаи мавҷуда маҳрум шудани он ё маҳдуд шудани он шаклу воситаҳо нагардад. Дар ин сурат забон чизе ба даст меорад ва чизе аз даст намедиҳад. Инро афзоиши ғаномандии забон донистан мумкин аст. Вале агар чизе ба даст ораду чанд чизи дигар аз даст диҳад, бешубҳа, бурде нахоҳад дошт ва пеш нахоҳад рафт.
Баъзе адибон кӯшиш карданд, ки барои ин ё он ягон муодили тоҷикӣ ёбанд. Чунончи, шодравон Эмонуил Муллоқандов дар тарҷума ва мақолаҳош чанд гоҳ дар мавриди ин ё он аз ину он истифода кард. Ин таҷрибаи ӯ ба як-ду нафар аз адибон маъкул шуд ва ҳоло гоҳгоҳ, масалан, чунин ҷумлаҳо пайдо мешавад:
«Ӯро ба ину он ҷо ҳамроҳ мебурдаст».
«Ҳамаи он ба ину он школ дар мактаб мутамарказ мегардад».
«Зарурати ину он касб ба ӯ маълумтар аст».
«Вай аз ину он кас зарар дидааст».

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо