Ҳар сухан ҷоеву ҳар нуқта мақоме дорад

Китоб ба масъалаҳои муҳими фарҳанги сухан ва забони тоҷикӣ бахшида шудааст. Муаллиф дар он андешаҳои худро оид ба роҳҳои такомули забон ва тарзи баён баён мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 393 саҳифа
аз вазъият ё аз контекст маълум аст: бобо мегӯяд, ки кино меравем».
Дар дигар мавридҳо ифодаи муайяниву номуайяни ҳатмист. Ифода нашудани он аз нуқсони ҷиддии тафаккури гӯянда ва мантиқи сухани ӯ гувоҳӣ медиҳад.
«ИН Ё ОН» ВА «ИНУ ОН»
Солҳои охир дар забони тоҷикӣ боз як воситаи ифодаи номуайянӣ пайдо шуд, ки ибораи ин ё он мебошад.
Ин восита аз забони русӣ омад ва ба шаклҳои гуногуни номуайянӣ илова шуда, ғаномандии тарзҳои ифодаро дар забони мо афзун сохт.
Ин ё он аз он ҷиҳат ҷолиби диққат аст, ки ба ҷойи чандин навъи ифодаи номуайянӣ омада метавонад.
Чунончи:
«Ҳаракати адабии ин ё он давраи муайяни таърихӣ аз маҷмӯи фактҳо иборат нест». Ин матлабро бо воситаҳои худи забони тоҷикӣ баён карданӣ шавем, масалан, ин тавр гуфтан даркор буд: «Ҳаракати адабии ягон давраи таърих аз маҷмӯи фактҳо иборат нест».
Дар ҷумлаҳои зерин ҳам бо ягон иваз кардани ин ё он мумкин аст:
«Ҳангоми суханронӣ ба ин ё он тарафи масъала диққати шунавандаро ҷалб кардан даркор аст»; «Предметҳо аз ин ё он ҷиҳат ба ҳам монанд мебошанд».
Гоҳ ин ё он артикли номуайянии як ва -е-ро иваз мекунад:
«Шоир ин ё он мафҳуми муҷаррадро дар образи конкрет рамзнок тасвир мекунад». Ин ҷо «як мафҳуми муҷаррадро» ё ки «мафҳуми муҷаррадеро» гуфтан мумкин буд.
«Ин суруд ба ин ё он муносибат иҷро мешавад». Ин ҷо ҳам ба муносибате ё ба ягон муносибат гуфтан ҷоиз буд.
Гоҳ ба ҷойи ин ё он калимаи баъзе-ро метавон гузошт, ки низ ба номуайянӣ далолат дорад:
«Вай ба тасвири давраҳои гузашта ин ё он ҷиҳатҳои давраи худро дохил мекунад». Бешубҳа, мавриди он буд, ки баъзе ҷиҳатҳо гуфта шавад.
Акнун ба ин ҷумла диққат кунем:
«Ин ё он гуна пафос доштани ҳикояи ҳаҷвӣ ба
поэтикаи он алоқа дорад».
Гӯё ин ҷо ин ё он чандон бамаврид истифода нашудааст.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо