Ҳар сухан ҷоеву ҳар нуқта мақоме дорад

Китоб ба масъалаҳои муҳими фарҳанги сухан ва забони тоҷикӣ бахшида шудааст. Муаллиф дар он андешаҳои худро оид ба роҳҳои такомули забон ва тарзи баён баён мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 393 саҳифа
(Он) бути бадкеш — киноя аз маҳбуба:
З-он ғамза, ки арбоби назар куштаи ӯянд,
Қурбон шудаму он бути бадкеш надонист.
Исмат
Ин гуна порчаҳои шеъру наср дар «Фарҳанги забони тоҷикӣ» бисёр омадаанд. Дар баъзеи онҳо вазифаи ин ва он ифодаи муайянист ва ё ба он хеле наздик аст. Аммо дар аксари мавридҳо чӣ ин ва чӣ он барои таъкиди калима, ҳатто гӯё барои таъкиди маънои умумии ҷумла омадааст.
Дар ин ҷумлаҳои устод Айнӣ, ки аз мақолаи «Абӯалӣ ибни Сино» гирифта шудаанд, низ ин на фақат муайянӣ, балки инчунин таъкидро ифода мекунад:
«Дар ин шароит агар ин донишманди ватандӯст аз Бухоро намегурехт, аз дасти ҷангҷӯён... ҷон ба саломат бурда наметавонист». «Аммо ин донишманди ҷавони бузургро дар Урганч дер мондан муяссар нашуд»! «Дар Рай Маҷдуддавла ном ҳукумат дошт, аммо дар ҳақиқат ҳукуматро модари ӯ Саида... идора мекард. Ин модар ва фарзанд Абӯалиро бисёр ҳурмат карда...»
Метавон гуфт, ки дар ин ҷумлаҳо ин на фақат ишораи муайянист, балки зуд-зуд такрор шудани он суханро қувват медиҳад, боиси пурзӯртар адо шудани мақсад мегардад, ҷанбаи ҳиссиро устувор мекунад.
Ин аст, ки ишорати муайянии ин ва гоҳ он ҳам имконоти фаровон ва аҷибе дорад. Умуман мафҳуми муайяниву номуайянӣ дар забони тоҷикӣ хеле доираи васеъ дошта, тобишҳои гуногун ва нозукеро ҷилва медиҳад. Мо ин ҷо фақат як қисми онҳоро аз назар гузаронидем. Аз ин баррасии мухтасар ҳам ошкор мегардад, ки ҳама хусусияту имкониятҳои муайяниву номуайяниро аз худ кардан барои ифодаи дурусти фикр ва қувват додани таъсири он, барои ифодаи махсусиятҳои сухани тоҷикӣ хеле зарур аст.
Дар охир бояд гӯем, ки дар баъзе мавридҳо аз таъини муайяниву номуайянӣ маҳрум мондани исм мумкин аст. В. С. Расторгуева гуфтааст: «Исме, ки аломатҳои махсуси муайянию номуайянӣ надошта бошад, дар ду маврид ба кор меравад: 1) он гоҳ ки сухан на аз предмети мушаххас, балки умуман аз предмет (аз категорияи предметҳои ҳамнавъ ё аз моддае) меравад: дар мағоза дафтар ҳаст?; об ҳаст-мӣ? 2) он гоҳ ки аз предмети муайяне сухан меравад, вале ин муайяий

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо