Зеҳн
Ҳар сухан ҷоеву ҳар нуқта мақоме дорад

Китоб ба масъалаҳои муҳими фарҳанги сухан ва забони тоҷикӣ бахшида шудааст. Муаллиф дар он андешаҳои худро оид ба роҳҳои такомули забон ва тарзи баён баён мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 393 саҳифа

ФарҳангМаърифатАдабиёт
Аз аввал хондан

Дар ҷумлаҳои боло он қисме обе, ки..., он қисми оби Вахш, ки.... гуфтан лозим буд, то ки муайяниву номуайянӣ ифода гардад. Ҷумлаи поин аз ҷиҳати ифодаи муайяниву номуайяни дуруст тартиб дода шудааст:
«Ба он қисми обе, ки ду агрегатро ба кор меандохт, зӯр меовард».

Категорияи муайяниву номуайянӣ дар забони тоҷикӣ ҳодисаи аҷибест, ки баъзе худхоссагӣ ва нозукиҳои тафаккури мардуми моро дар худ акс додааст. Афсӯс, ки табиати он ҳанӯз ҳаматарафа омӯхта нашудааст. Ва ҳол он ки чунин омӯзише зиёда зарур буда, барои фаъолияти амалии қаламдастҳо аҳамияти калон дорад.
Дар забони тоҷикӣ баъзе падидаҳои муайяниву номуайянӣ ҳастанд, ки эзоҳи онҳо басо душвор менамояд. Чунончи, ишорати ин дар ин байти Мавлавӣ Ҷалолиддини Румӣ аз ҳамин қабил аст:

Одамӣ махфист дар зери забон,
Ин забон пардаст бар даргоҳи ҷон.

Ин ҷо чӣ вазифа доштани аломати муайянии ин чандон маълум нест: Гӯё зиёдатӣ омадааст ва зарурате надорад. Бо вуҷуди ин дар забони гуфтугӯ ва адабиёти классикӣ ин тарз истифода шудани ин ва он бисёр дида мешавад. Аз ҷумла дар ин байти Низомӣ:

Бурун ҷаст аз ин гунбади чорбанд,
Фарас ронд бар ҳафт чархи баланд.

Ҳатмӣ набудани чунин истифодаи ин аз он ҷо ҳам маълум мегардад, ки дар мисраи дувуми ин байт пеш аз «ҳафт чарх» ишорати он зикр нашудааст; дар мисраи дувум зикр нашудани он мумкин бошад, дар мисраи якум зикр нашудани ин ҳам мумкин буд. Бо вуҷуди ин, шоир онро зикр кардааст.
Азбаски дар чунин мавридҳо ин ва он ҳатмӣ набуда, гоҳ зикр мешаванд ва гоҳ не, дар «Фарҳанги забони тоҷикӣ» лозим омад, ки онҳо миёни ду қавс гузошта шаванд. Чунончи, ба ин тарз:
(Ин) дайр — киноя аз дунё:

Дар ин дайри куҳан расмест дерин,
Ки бе талхӣ набшод айш ширин.
Ҷомӣ

пешина
аз 393
навбатӣ