Зеҳн
Ҳар сухан ҷоеву ҳар нуқта мақоме дорад

Китоб ба масъалаҳои муҳими фарҳанги сухан ва забони тоҷикӣ бахшида шудааст. Муаллиф дар он андешаҳои худро оид ба роҳҳои такомули забон ва тарзи баён баён мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 393 саҳифа

МаърифатАдабиётФарҳанг
Аз аввал хондан

таркиббанд — ин як фарёди шӯрангезест.» Р. Ғаффоров вазифаи грамматикию услубии «ин»-ро дар байни мубтадову хабар чунин муайян кардааст: «Ишоратҷонишини ин дар байни мубтадо ва хабар омада, алоқаи онҳоро қавӣ ва устувортар месозад, имконияти иловагие муҳайё мекунад, ки мақсад равшану барҷаста ифода ёбад»1.

Ба ақидаи мо, ин шояд дар забони русӣ дар байни мубтадову хабар чунин вазифае иҷро мекунад, аммо дар забони тоҷикӣ аз ин кор оҷиз аст.

Дар чунин ҷумлаҳои русӣ это ҳатман ба шакли муҳаннас (ҷинси миёна) зикр мешавад, аммо мубтадову хабар мумкин аст, ки музаккар (ҷинси мардона) ё муаннас (ҷинси занона) бошад: Хлопок — это наша гордость. Чунонки мебинем, дар ин ҷумла мубтадо (хлопок) музаккар, это муҳаннас ва хабар (наша гордость) муаннас аст. Дар ин сурат ҳеҷ мумкин нест, ки это чун муайянкунандаи хабар қабул шавад (барои ин ки муайянкунандаи хабар бошад, ба шакли муаннас — эта омаданаш даркор аст: эта наша гордость). Ин аст, ки онро ба русӣ чун муайянкунандаи хабар фаҳмидан ҳаргиз мумкин нест, аз хабар ҷудо меистад, ба хабар пайванд намешавад ва тамоман равшан аст, ки як ҷузъи хабар нест, балки дар байни мубтадову хабар аз ҷиҳати шакли грамматикӣ мустақил истода, фақат робитаи ҳардуи онҳоро қувват медиҳад.

Аммо дар чунин ҷумлаҳои тоҷикӣ вазъият дигар аст. Дар забони тоҷикӣ ҷинсият нест ва аз ин рӯ шакли грамматикии ин аз шакли грамматикии кали-маҳои пасоянд, яъне аз хабар ҳеҷ фарқ надорад. Дар ин сурат байни ин ва калимаи пайомад муносибати муайянкунандаю муайяншавандагӣ пайдо мешавад, ин вазифаи муайянкунандаро иҷро менамояд. Аз ми-солҳое, ки дар боло аз устод Айнӣ зикр шуд, ин ҳолат чандон ҳис намегардад, зеро пас аз ин кали-маи «як» омадааст. Лекин дар дигар ҷумлаҳое, ки овардем, вазифаи муайянкунандаро иҷро кардани ин ҳеҷ аз эҳтимол дур нест. Аз дигар ҷумлаҳо ҳам ҳа-мин ҳолатро мебинем.

Чунончи: «Яке аз иншооти меъморӣ ин бинои қади-

1 Ғаффоров Р. Револютсияи Октябр ва инкишофи забони адабии тоҷик, Душанбе, «Ирфон», 1979, саҳ. 65—66.

пешина
аз 393
навбатӣ