Зеҳн
Ҳар сухан ҷоеву ҳар нуқта мақоме дорад

Китоб ба масъалаҳои муҳими фарҳанги сухан ва забони тоҷикӣ бахшида шудааст. Муаллиф дар он андешаҳои худро оид ба роҳҳои такомули забон ва тарзи баён баён мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 393 саҳифа

ФарҳангМаърифатАдабиёт
Аз аввал хондан

Ин аст, ки, ба фикри мо, маънои калимаи «визит»-ро дар ҳар маврид бо калимаи дигаре ифода кардан даркор аст. Барои ҳар мавриди истифодаи «визит» аз забони тоҷикӣ як калимаи дигар ва ҳатто чандин калима ёфтан мумкин аст. Лекин мавридҳои истифодаи «визит»-ро ба назар нагирифтан ва дар ҳама мавридҳо фақат «ташриф»-ро кор фармудан боиси бар бод рафтани мантиқ, вайрон шудани маъно ва осеб дидани забон хоҳад гардид.

Агар хато накунам, дар мавриди сафари дӯстон ба мамлакати мо кор фармудани калимаи «ташриф»-ро А. Деҳотӣ таклиф карда буд. Лекин вақте ки аҳли матбуот ин калимаро тамоман нодуруст истеъмол кардан гирифтанд, Деҳотӣ аз он таклифи худ сахт пушаймон шуд, афсус, ки пушаймонӣ суд надошт. Ӯ дар чанд маҷлис дар бораи ин калима гап зад ва мавриди истифодаи онро эъроз дод. Ҳ. Ирфон ҳам дар як мақола аз ин хусус сухан ронда буд. Вале бо вуҷуди ин тарзи нодурусти истеъмоли ин калима паҳн шуд.

Устод Айнӣ гуфта буд: «Зотан хатои забонӣ бемории гузаранда аст». Дар ҳақиқат, хатое, ки тарҷумоне ё қаламдасте аз беаҳамиятӣ ё камсаводӣ содир мекунад, мумкин аст, пас аз андак муддат чунон интишор ёбад, ки баъзе хушсаводтарини зиёнён ҳам аз он бехабар монда мубталои он мегарданд.

На танҳо калимаи «ташриф», балки баъзе калимаю ибораҳои дигар ҳам, ки шарҳашон дар поёнтар хоҳад омад, ин ҳақиқатро тасдиқ менамояд.

Бино бар ин, ҷавобгарии ходимони матбуоту нашриёт хеле калон аст, Онҳо бояд ҳамеша дар хотир дошта бошанд, ки ҳар хатое, ки дар матбуот пайдо шуд, худ хатои умумӣ хоҳад гардид ва он гоҳ пешгирии он душвор аст.

«ҚАРЗИ ГРАЖДАНӢ»

Ҷумлаҳое ба мисли ҷумлаҳои зерин бисёр дида мешаванд: «Барои шоири ҳақиқӣ ҳамроҳу ҳамнафаси халқ будан қарзи гражданӣ... аст», «Мудофиаи Ватан қарзи муқаддаси ҳар як гражданин аст», «Ин кор қарзи инсонии мост» ва ҳоказо.

Ба ин тарз кор фармудани калимаи «қарз», ба фикри мо, тамоман нодуруст ва хатои фоҳиш аст.

Ин саҳв аз нодуруст фаҳмидани маънои калимаи

пешина
аз 393
навбатӣ