Ҳар сухан ҷоеву ҳар нуқта мақоме дорад

Китоб ба масъалаҳои муҳими фарҳанги сухан ва забони тоҷикӣ бахшида шудааст. Муаллиф дар он андешаҳои худро оид ба роҳҳои такомули забон ва тарзи баён баён мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 393 саҳифа
мешавад ва нисбат ба шахси якум, нисбат ба худ гуфта шудани онҳо мумкин нест.
Аз ин сабаб ба муқобили он тарзи истифодаи ин калима, ки дар банди якум мисол овардем, сахт эҳтироз кардан лозим меояд. Он ҷумлаҳо ба маънои ин калима, ба табиати забони мо, ба одоби сухани мардуми мо ҳаргиз мувофиқат надоранд.
Аз ҳамаи инҳо хулосаи мо ҳамин аст, ки калимаи «ташриф»-ро танҳо нисбат ба сафари дӯстони мо ба мамлакати мо кор фармудан лозим аст. Чунончи, ба ин тариқ: ташрифи фалонӣ ба мамлакати мо, ташрифи фалонӣ ба ҳузури Раиси ҷумҳурӣ, фалон ҳайати вакилон ба фалон идора ташриф овард ва ғайра. Дар мавриди сафари дӯстони хориҷии мо ба мамлакати дигар дар ҳаққи дӯстони хориҷиамон низ бо калимаи «ташриф» сухан рондан мумкин аст. Дар ҳамаи ин мавридҳо мо бо калимаи «ташриф» эҳтироми мизбонро нисбат ба меҳмон ифода мекунем.
Лекин ҳангоме ки намояндагони халқи мо ба мамлакате сафар мекунанд, барои ифодаи маънои калимаи визит, ба фикри мо, калимаи «сафар»-ро истифода кардан беҳтар аст. Масалан: сафари фалонӣ ба фалон мамлакат (ё шаҳр). Агар дар ин маврид калимаи «сафар»-ро қабул кунем, имконият меёбем, ки барои ифодаи маънои ибораҳои ответный визит, дружественный визит ва дигарҳо ибораҳои сафари ҷавобӣ, сафари дӯстона ва ғайраро аз худ созем. Ба фикри мо, ибораҳои «сафари ҷавобӣ» ва «сафари дӯстона» қобили қабуланд, зеро мантиқан ва шаклан дуруст мебошанд.
Ибораҳои «сафари ҷавобӣ» ва «сафари дӯстона»-ро чӣ нисбат ба онҳое, ки ба мамлакати мо меоянд ва чӣ нисбат ба намояндагони халқи мо, ки ба хориҷ мераванд, гуфтан мумкин аст.
Баъзан визит ба маънои зиёрати касе меояд (визит того-то к тому-то). Ба назари мо, барои ифодаи ин маънӣ калимаи зиёрат, дидор ва дидорбинӣ-ро қабул кардан мумкин аст: ба зиёрат (дидор ё дидорбинӣ)-и фалонӣ омадани фалонӣ. Дар ин сурат барои ответный визит калимаи «боздид»-ро кор фармудан лозим меояд (ба маънои боз як бор дидан). Масалан: боздиди фалонӣ аз фалонӣ, фалонӣ фалониро боздид кард, фалонӣ ба боздиди фалонӣ омад (ё ташриф овард). Аммо визит вежливости мумкин аст, ки дидор (ё дидорбинӣ)-и ташрифотӣ тарҷума шавад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё