Зеҳн
Ҳар сухан ҷоеву ҳар нуқта мақоме дорад

Китоб ба масъалаҳои муҳими фарҳанги сухан ва забони тоҷикӣ бахшида шудааст. Муаллиф дар он андешаҳои худро оид ба роҳҳои такомули забон ва тарзи баён баён мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 393 саҳифа

ФарҳангМаърифатАдабиёт
Аз аввал хондан

ҳам беихтиёр ба маънои якбора ва ногоҳ омадааст, лекин ҷойи онҳоро гирифта наметавонад. Чунки, масалан, беихтиёр дасту по хӯрдан имкон надорад: дасту по хӯрдан ба ихтиёри худи кас нест. Нисбат ба бедор шудан низ беихтиёр бемаврид аст. Дар ҷумлаҳои боло якбора ё баногоҳ гуфтан даркор буд. Беихтиёр фақат нисбат ба амале, ки содир шудани он дар ихтиёри худи амалкунанда аст, ба кор меравад. Аз ҳамин сабаб, масалан, дар ҷумлаи мазкури «Беихтиёр даст ба киса бурд» дуруст омадааст, зеро даст ба киса бурдан дар ихтиёри худи кас аст. Дар ин маврид чӣ якбора гӯем ва чӣ беихтиёр — ҳарду ҷоиз аст.

«ТАШРИФ»

Тарҷумонҳои мо як вақт калимаи «ташриф»-ро тарҷуман «визит» қарор доданд ва чунин ҷумлаҳо месохтанд: Аъзоёни парламенти Иттифоқи Советӣ (ба фадон мамлакат) ташрифи ҷавобӣ онарданд», «Ҳайати вакилони советӣ бо ташрифи дӯстона (ба фалон шаҳр) омаданд» ва ҳоказо. Ба ин тарз кор фармудани «ташрифа, «ташриф овардан», «ташриф фармудан» ҳоло ҳам гоҳ дида мешавад.

Баъзе рафиқон пас аз сафари мамлакатҳои хориҷӣ дар рӯзномаҳо мақола навишта ё аз радио ва телевизион суханронӣ карда, аз таассуроти сафар ҳикоя мекунанд ва низ мегӯянд, ки дар хориҷ «ман ба фалон маҷлис ташриф овардам» ё «ба ҳавлии фалон дӯсти хориҷнам ташриф доштам» ва монандӣ инҳо.

Ба ин тарз овардани ташриф ва ибораҳои он дуруст нест. Чаро? Чунки ташриф аз шараф буда, маънои он шарафдор кардан, бузург намудан ва бузург доштан мебошад. Агар меҳмон олиқадре ояд, мумкин аст, ки соҳиби хона нисбат ба ин меҳмон «ташриф овардан» ва «ташриф фармудан»-ро ба кор барад. Агар мизбон ба меҳмон гӯяд, ки «ба хонаи мо ташриф овардед», ин гап дуруст аст ва чунин маъно дорад, ки «моро сарбаланд кардед, сари моро ба осмон расондед». Лекин агар меҳмон ба мизбон гӯяд, ки «ман ба хонаи шумо ташриф овардам», ин гап наҳояти беодобӣ хоҳад буд.

Бино бар ин феълҳои «ташриф овардан (бурдан, фармудан, доштан)», «ташриффармо шудан» ва ғайра бояд танҳо нисбат ба шахси дувум ва севум гуфта

пешина
аз 393
навбатӣ