Зеҳн
Ҳар сухан ҷоеву ҳар нуқта мақоме дорад

Китоб ба масъалаҳои муҳими фарҳанги сухан ва забони тоҷикӣ бахшида шудааст. Муаллиф дар он андешаҳои худро оид ба роҳҳои такомули забон ва тарзи баён баён мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 393 саҳифа

ФарҳангМаърифатАдабиёт
Аз аввал хондан

русии долг пайдо шудааст. Дар луғати С. Ожегов калимаи долг ду маъно дорад: 1. то же, что обязанность, яъне вазифа; 2. то, что взято взаймы (преимущественно деньги), яъне қарз. Ин ду маънои ин калима чунон аз якдигар дур аст, ки С. Ожегов ҳарду маъноро дар як модда эзоҳ надодааст, балки ду «Долг»-ро муташобеҳ (омоним) ҳисоб карда, ба ду модда ҷудо кардааст, яъне ҳар қадоми онҳоро як калимаи ҷудогона донистааст.

Аз ин ҷо тамоман равшан мешавад, ки ибораҳои русии «гражданский долг» ва «человеческий долг»-ро «қарзи гражданӣ» ва «қарзи инсонӣ» тарҷума карда, аз ин қиёс дар тоҷикӣ боз ибораҳои дигаре сохтан кори дуруст нест. Дар ҳақиқат, чаро мудофиаи Ватан қарзи ҳар як шаҳрванд будааст? Магар мудофиаи Ватан чизест, ки онро ҳар як шаҳрванд аз каси дигаре қарз гирифтааст? Не, он гап дар тоҷикӣ маъное надорад. Барои ин, ки он гап дар тоҷикӣ маъно пайдо кунад, ба ҷои «қарз» калимаи «вазифа»-ро гузоштан лозим аст: «Мудофиаи Ватан вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванд аст».

Аз ин қиёс, ба назари мо, тамоман нодуруст аст, ки чувство долга ба тоҷикӣ ҳисси қарз тарҷума шудааст.
Масалан, мегӯянд: «Мо ҳисси қарзро дар назди халқу Ватан фаромӯш намекунем». Ва ҳол он ки ба ақидаи қавии камина ҳисси қарз ба тоҷикӣ маъние надорад.
Онро (ҳисси) вазифашиносӣ гуфтан даркор аст.

Дар чунин мавридҳо аз ибораи халқии қарзи фарзандӣ низ истифода кардан метавон.

«НАФАҚАГИР» ВА «НАФАҚАХӮР»

Дар матбуоти имрӯза калимаи нафақагир ба маънои пенсионер, яъне касе, ки давлат ба ӯ нафақае таъин кардааст, кор фармуда мешавад. Ба фикри мо, ба чунин маъно кор фармудани ин калима чандон дуруст нест.

Ин калима дар вақташ дар забони тоҷикӣ ба шакли нафақахӯр ба кор мерафт. Ба ин школ дар забони адабии имрӯза ҳам мавҷуд аст. Чунончи, Айнӣ гуфтааст: Аҳмади Дониш «подшоҳро ходими халқ ва нафақахӯри... хазинаи халқ мешуморид».

Дар забони тоҷикӣ бисёр калимаҳо буданд ва ҳастанд, ки аз ҷиҳати сохт ба ин калима монанд ва аз
ҷиҳати маъно ба он наздиканд. Ҳамаи онҳо бо асоси

34

пешина
аз 393
навбатӣ