Зеҳн
Ҳар сухан ҷоеву ҳар нуқта мақоме дорад

Китоб ба масъалаҳои муҳими фарҳанги сухан ва забони тоҷикӣ бахшида шудааст. Муаллиф дар он андешаҳои худро оид ба роҳҳои такомули забон ва тарзи баён баён мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 393 саҳифа

МаърифатАдабиётФарҳанг
Аз аввал хондан

хеле ривоҷ ёфта, шаклҳои нав ба нав пайдо мекунад.

Яке аз шаклҳои ин носозӣ дар калимаҳои ҷуфт зуҳур мекунад. Ҷуфтҳои пасту баланд, неку бад, нағзу ганда ва монанди инҳо аксаран чунон кор фармуда мешаванд, ки яке аз инҳо пасванди -й қабул кардааст, дигаре не. Масалан, ин тавр: «Аз пасту баландиҳои зиндагӣ огоҳӣ доштанд»; «Проблемаҳои ҷамъиятро бо тезу тундӣ мебардорад». Ва ғайра.

Ин дуҷинсагии калимаҳои ҷуфт дар адабиёти бадеҳии замонҳои гузашта ҳам ягон-ягон дида мешавад. Лекин агар ба ин ҳодиса аз дидгоҳи ҷиддитарин талаботи услуб нигоҳ кунем, бояд гӯем, ки аз он худдорӣ кардан беҳтар аст. Ҳама ҷузъҳои сухан бояд ҳамрангу ҳамнавохт бошад ва дигар шудани оҳанги он мувофиқи низоме сурат гирад. Риояи ҳамрангиву ҳамнавохтӣ аз шартҳои асосии услуб буда, ҳама гуногуниву рангорангии суханро ба худ тобеъ медорад. Аммо дар як ибораи хурд, ки ҳамагӣ аз ду калимаи ҷуфт иборат аст, аз ҳам фарқ кардани сохту таркиби ҷузъҳо ба сухан беоҳангие ворид меорад. Агар хоҳем, ки сухан ба як маром адо шавад, масалан, дар ҷумлаҳои боло пасту баланди зиндагӣ ва бо тезию тундӣ гуфтан беҳтар буд.

Боз як навъи дигари носозгорӣ ва бемувофиқатӣ ҳаст, ки нуқсонҳои ҷиддитар ба миён меорад. Мо дар феъли таркибӣ вайрон шудани муносибати байни исму феълро дар назар дорем. Ин ҳодиса дар ҷумлаҳои поин дида мешавад:

«Охир онҳо қавлу қасам хӯрдаанд».

«Ҳама ҷо барои вай созгору мувофиқат намекунад».

Ин ҷо айб он аст, ки дар ҷумлаи якум феъли хӯрдан ба қасам ва қавл, дар ҷумлаи дувум феъли кардан ба мувофиқат ва созгор баробар дахл пайдо кардааст, яъне «онҳо на фақат қасам хӯрдаанд, балки боз гӯё қавл хӯрдаанд (ва ҳол он ки чунин феъл мавҷуд нест), гӯё ҳам мувофиқат намекардааст ва ҳам созгор на-мекардааст. Ва ҳол он ки феъли созгор кардан, агар мавҷуд бошад ҳам, маънои дигар хоҳад дошт ва ҳаргиз муносиби ин маврид нахоҳад буд.

Дар назари камина, шакке нест, ки хабари ин ҷум-лаҳо нодуруст сохта шудааст. Барои ин ки хабар шак-ли дуруст гирад, исми қавл бояд бо феъли худаш, яъне бо феъли додан меомад. Он гоҳ хабар чунин шакл ме-гирифт: қавл додаанду қасам хӯрдаанд. Дар ин сурат

пешина
аз 393
навбатӣ