Зеҳн
Ҳар сухан ҷоеву ҳар нуқта мақоме дорад

Китоб ба масъалаҳои муҳими фарҳанги сухан ва забони тоҷикӣ бахшида шудааст. Муаллиф дар он андешаҳои худро оид ба роҳҳои такомули забон ва тарзи баён баён мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 393 саҳифа

ФарҳангМаърифатАдабиёт
Аз аввал хондан

кашфу мутеъ кардани қувваҳои табиат иқдом кард. Он гоҳ байни муайянкунандаҳо ҳамнавъӣ ҳосил мегардид.

Муайянкунандаҳои дуҷинса дар истилоҳоту мафҳумҳои зерин низ дида мешавад (аз «Луғати русӣ-тоҷикии терминҳои бинокорӣ»):
Строительно-монтажное управление — идораи бинокорию монтажӣ (бинокорӣ исм, монтажӣ сифат аст).
Строительно-монтажная площадка — майдончаи бинокорию монтажӣ (низ яке исму дигаре сифат аст).
Объёмно-планировочные параметры — параметрҳои ҳаҷмию планкашӣ (боз ҳаҷмӣ сифат, планкашӣ исм аст).

Аз «Луғати русӣ-тоҷикии терминологияи механикаи техникӣ»:
Контрольно-управляющие машины — мошинҳои назоратию идора (боз ҳам назоратӣ сифат, идора исм аст).
Кривошипно-шатунный механизм — механизми кривошипу шатуний (боз муайянкунанда аз як исму як сифат иборат аст. Ва ҳоказо.

Ва ҳол он ки дар худи ин ду луғат гоҳ ҳамнавъии муайянкунандаҳо дуруст риоя шудааст. Чунончи:
Объём строительно-монтажных работ — ҳаҷми корҳои монтажу бинокорӣ.

Технология строительно-монтажных работ — технологияи корҳои монтажу бинокорӣ. Ва ғайра.

Ин принсипро дар тарҷумаи ҳамаи мафҳумзову истилоҳҳо риоя кардан даркор буд. Он гоҳ идора (майдонча)-и бинокорию монтаж, мошинҳои назорату идора гуфтан лозим меомад. Чунон ба назар меояд, ки объёмно-планировочные параметры параметрҳои планкашии ҳаҷм тарҷума мегардид ва ё кривошипно-шатунный механизм механизми дастаю мил гуфта мешуд, шояд беҳтар мебуд.

Риоя нашудани ҳамнавъии муайянкунандаҳо дар ҳамаи луғатҳои истилоҳот (истилоҳоти педагогика, ботаника, геодезия, астрономия, география ва ғ.), ки то нимаи даҳаи ҳаштод чоп шудаанд, кам ё беш дида мешавад.

Аз он ҷо, ки носозгорӣ ва гуногунҷинсӣ ба номуистилоҳҳо, ҳатто ба истилоҳи адабӣ роҳ ёфтааст (адабиёти шаҳрӣ ва ҳунармандӣ) метавон пай бурд, ки ин
ҳодиса дар забони имрӯза хеле паҳн шудааст. Дар ҳақиқат

пешина
аз 393
навбатӣ