Ҳар сухан ҷоеву ҳар нуқта мақоме дорад

Китоб ба масъалаҳои муҳими фарҳанги сухан ва забони тоҷикӣ бахшида шудааст. Муаллиф дар он андешаҳои худро оид ба роҳҳои такомули забон ва тарзи баён баён мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 393 саҳифа
Ҷумлае аз асаре, ки ба адабиёти классикии форсӣ-тоҷикӣ бахшида шудааст:
«Дар ин достонҳо дар масъалаҳои панду ахлоқӣ талаботи умум ба назар гирифта шудаанд».
Ин ҷумла аз забоншиносест:
«Масъалаи термин ва муносибати он бо унсурҳои лексикаи забонҳои дигар ва интернационалӣ яке аз қисматҳои муҳими забоншиносӣ мебошад».
Дар ҳамаи ин ҷумлаҳо ҳам муайянкунанда дуҷинса омадааст; яке сифат, дигаре исм аст. Ин бемувофиқатӣ низоми суханро вайрон мекунад ва дар як ҷузъи ҷумла якбора суханро аз як мароми ботинӣ ба мароми дигар мегузаронад. Лекин чунин бенизомӣ дар ин ҷо ягон вазифаи мусбати услубӣ надорад, балки, баръакс, ягонагии услубии суханро бар бод медиҳад.
Аз ин рӯ, мо ақида дорем, ки дар ҷумлаҳои боло ибораҳои таъкидшударо тахминан ин тавр ислоҳ кардан даркор буд; дар ҷумлаи якум — мавзӯи тарбияву ахлоқ, ҷумлаи дувум — масъалаҳои панду ахлоқ (ки низ чандон мувофиқ наменамояд, шояд пандгӯиву ахлоқомӯзӣ бошад?), ҷумлаи севум — вожагони забонҳои дигар ва калимаҳои байналмилалӣ.
Дар ин мавридҳо то чӣ андоза ба ҳам начаспидани ҷузъҳои ибора ва аъзоҳои чида аз ин мисол равшантар маълум мегардад; «У дар роҳи кашфу мутеъи қувваҳои табиат иқдом кард».
Чунин ҷумларо нишонаи бетабъӣ бояд донист. Агар ҷузъҳои ибораро аз ҳам ҷудо карда, ҳар кадомеро ба алоҳидагӣ аз назар гузаронем, қабоҳати сухан зуд ошкор мегардад: охир мутеи қувваҳои табиат касест, ки ба қувваҳои табиат мутеъ аст! Яъне маънои ин ибора комилан баръакси он аст, ки муаллиф дар назар дошт. Муаллиф кашф ва мутеъ кардани қувваҳои табиатро дар назар дорад. Аз мутеъ кардан сухан ронда шуда, аз мутеъ шудан бехабар мондааст. Ин ҳам натиҷаи бехабарӣ аз он аст, ки кашф масдари арабӣ буда ба тоҷикӣ монандӣ исми феълист ва аз ин рӯ бидуни феъли кардан ҳам амалро ифода мекунад, аммо мутеъ сифат аст ва то феълеро ба он илова накунем, кору амалро фаҳмонда наметавонад. Аз ҳамин ҷост, ки як ҷумлаи пойдарҳаво ба миён омадааст.
Барои ин ки мантиқи сухан по дар замин дошта бошад, масалан, гуфтан даркор буд, ки «Ӯ дар роҳи

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо