Зеҳн
Ҳар сухан ҷоеву ҳар нуқта мақоме дорад

Китоб ба масъалаҳои муҳими фарҳанги сухан ва забони тоҷикӣ бахшида шудааст. Муаллиф дар он андешаҳои худро оид ба роҳҳои такомули забон ва тарзи баён баён мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 393 саҳифа

МаърифатАдабиётФарҳанг
Аз аввал хондан

ботинӣ устувор аст. Гоҳ ифодаи зоҳирии созгории аъзоҳо ҷумла низ аҳамияти калон пайдо мекунад.

Чунончи, агар ду ё чанд муайянкунанда паси якдигар ва тобеи як исм ояд, бояд ҳатман байни худ созгории зоҳирӣ дошта бошад. Дар ин мавриди носозгорӣ айби ҷиддии услуб ба шумор меравад.

Чунин айб дар номи «мактаби спортии бачагонаю ҷавонон» дида мешавад. Ҳам «бачагона» ва ҳам «ҷавонон» муайянкунандаи як исм — исми «мактаб» аст, лекин яке — бачагона сифат, дигаре — ҷавонон исм мебошад. Ва ҳол он ки муайянкунандаҳои чида бояд якҷинса бошанд: агар яке сифат бошад, дигарҳо низ ба шакли сифат, яке исм бошад, дигарон низ ба шакли исм бояд оварда шаванд. Аз ин рӯ, номи мазкурро, масалан, ба ин тарз ислоҳ кардан лозим меояд: мактаби варзишии бачагону ҷавонон. Дар ин сурат ҳар ду муайянкунанда ҳам исм аст ва созгору ҳамҷинс мебошад.

Носозгорӣ дар номи музеи таърихию кишваршиносӣ низ ҳаст. Ин ҷо ҳам таърихӣ сифат ва кишваршиносӣ исм аст. Онҳоро ба ҳам мутобиқат доданӣ шавем, масалан, бояд чунин гӯем: музеи таъриху кишваршиносӣ. Он гоҳ ҳарду муайянкунанда бо исм ифода меёбад ва якҷинс мешавад.

Як шохаи илми таърихро таърихи қадим ва асри миёна номидаанд. Ин ҷо низ ҳамон номувофиқатӣ рӯй додааст: боз қадим сифат ва асри миёна исм аст. Ба фикри мо, ин саҳвро ба ду тарз ислоҳ кардан мумкин аст: онро ё таърихи қадим ва асримиёнагӣ бояд гӯем ё таърихи давраи қадим ва асрҳои миёна. Дар сурати якум ҳар ду муайянкунанда бо сифат ва дар ҳолати дувум ҳарду бо исм ифода хоҳад шуд. Номи дувум ба назари мо беҳтар менамояд, зеро ба тоҷикӣ дар чунин мавридҳо, чунончи дар номҳо одатан муайянкунанда бо исм ифода мегардад.

Истилоҳи адабиёти шаҳрӣ ва ҳунармандӣ низ айб дорад. Ин ҷо ҳам матлабро бо исм адо карда, адабиёти шаҳр ва ҳунармандӣ ё ки ҳунармандон гуфтан даркор аст.

Ин шакли немувофиқатӣ фақат хоси номҳову истилоҳот нест, балки дар дигар мавридҳо ҳам бисёр дучор меояд. Инак, сухани мунаққиде:

«Дар мавзӯи тарбиявю ахлоқ як асари пуркимат ба вуҷуд омад».

пешина
аз 393
навбатӣ