Ҳар сухан ҷоеву ҳар нуқта мақоме дорад

Китоб ба масъалаҳои муҳими фарҳанги сухан ва забони тоҷикӣ бахшида шудааст. Муаллиф дар он андешаҳои худро оид ба роҳҳои такомули забон ва тарзи баён баён мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 393 саҳифа
пеш меорад: кас намедонад, ки тоҷик ба адабиёти асри X нисбат дорад ё ба қисмҳои баъдии ҷумла. Бино бар ин беҳтар мебуд, ки гӯем: адабиёти тоҷикии асри XV. Агарчи мо ба адабиёти тоҷик ва адабиёти форс, инчунин забони тоҷик гуфтан одат кардаем, ба ҳар ҳол шакли аслии ин ибораҳо адабиёти тоҷикӣ, адабиёти форсӣ, забони тоҷикӣ ва забони форсӣ мебошад. Лоақал дар мавридҳое аз қабили адабиёти асри XV-и тоҷик шакли аслии адабиёти тоҷикӣ-ро қабул карда, адабиёти тоҷикии асри XV гуфтан ба эътибори ҳусни сухан беҳтар менамояд.
Ба ҳамин мулоҳизаҳо, ба назари мо, дар ҷумлаи поин, дар ибораи суръати ҳаракати зарурӣ низ ҷойи калимаҳоро иваз кардан даркор буд: «Дар вақти аз Моҳ парвоз кардан ба суръати ҳаракати зарурӣ муваффақ шудан зарур буд». Ин ҷо зарурӣ ба суръат дахл дорад ва агар суръати зарурии ҳаракат гуфта мешуд, тартиби калимаҳо дар ибора дуруст меомад.
Нодуруст таъин шудани ҷойи калима на фақат дар ибораи изофӣ, балки дар дигар навъҳои ибора ва дар ҷумла ҳам бисёр дида мешавад. Чунончи:
«Дузд як хонаро аз назар гузаронид». Ин ҷо як ба хона нисбат пайдо кардааст ва ҳол он ки ба амал нисбат дорад. Аз ин рӯ, хонаро як аз назар гузаронид гуфтан даркор буд.
Ҷумлаи дигар:
«Чаро аз субҳ аз ишқи худ қисса хондаму лаб во накардӣ?» Ин ҷо чаро фақат ба «ту», ба нимаи дувуми ҷумла дахл дорад, пас онро дар ҷойи худ, дар аввали нимаи дувуми ҷумла гузоштан лозим буд: «Аз субҳ аз ишқи худ қисса хондаму чаро лаб во накардӣ?»
Хуллас, як шарти ҳусни ибора ва ҷумла он аст, ки ҳар калима дар ҷойи худ омада бошад. Нодуруст таъин шудани ҷойи калимае на фақат ба ҳусни сухан, ба маънову мантиқ ҳам зарарҳои афвнопазир метавонад орад.
СОЗГОРӢ ВА ДУҶИНСАГӢ
Мувофиқати миёни аъзоҳои ҷумла як чизи мураккаб буда, мумкин аст, ҳар бор ба тарзи дигаре ифода шавад. Гоҳ муносибати байни онҳо ба зоҳири мантиқ мувофиқ намеояд, вале дар ин маврид ҳам фақат дар назари аввал носозгорӣ мавҷуд буда (чунончи, дар мубтадои ҷамъу хабари танҳо — даҳ кас омад), робитан

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо