Ҳар сухан ҷоеву ҳар нуқта мақоме дорад

Китоб ба масъалаҳои муҳими фарҳанги сухан ва забони тоҷикӣ бахшида шудааст. Муаллиф дар он андешаҳои худро оид ба роҳҳои такомули забон ва тарзи баён баён мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 393 саҳифа
қабоҳатҳо меорад. Чунончи, қабоҳат аст, ки гуфтаанд: ҷойи гурҷии кабуд. Охир гурҷи кабуд нест, ҷой кабуд аст! Пас ҷойи кабуди гурҷӣ гуфтан даркор буд. Ҳатто беҳтар буд, ки ҷойи кабуди Гурҷистон гуфта шавад (монанди тӯтии Ҳинд ё Ҳиндустон). Дар чунин мавридҳо предмет на ба як шахс ё халқ, балки ба маконе нисбат дода шавад, беҳтар аст.
Ин гуна қабоҳатҳо дар матбуоти мо гоҳ-гоҳ ба назар мерасад. Гӯшти гови дам карда пухташуда аз ҳамин қабил қабоҳатҳост. Ин ибора чунин маъно дорад, ки аввал говро дам кардаанд, яъне ба таги пӯсташ бод сар додаанд ва баъд пухтаанд. Ва ҳол он ки соҳиби ин ибораи ноҳинҷори қабоҳатомез ҳаргиз чунин гуфтан намехост. Вай фақат гӯшти дампухти гов гуфтан мехост, яъне гӯште, ки онро дам дода пухтаанд.
Гӯшти гови дам карда пухташуда номи як консерва буда, дар муаррифинома навишта шудааст, тарҷума аз русист. Чунин тарҷимонро аз даргоҳи қаламкашӣ дур рондан лозим аст.
Аз ин мисолҳо тамоман равшан аст, ки дуруст муайян кардани ҷойи ҳар калима дар ибораи изофӣ яке аз ҷиддитарин вазифаҳои услубист. Дар ин масъала андак ба бедиққатӣ роҳ диҳем, хатоҳои афвнопазир содир мешаванд.
Мавридҳое ҳастанд, ки зарурати чунин диққати махсус зоҳиран чандон намудор нест. Вале ин мавридҳоро ҳам бояд ба назар гирем.
Соли таҳсили ҷорӣ ва соли ҷории таҳсил аз ҳамин қабил аст. Агар фикрро дақиқ ифода кардани бошем, бояд соли ҷории таҳсил гӯем, зеро маҳз соли ҷориро дар назар дорем, яъне ҷорӣ сифати сол аст. Албатта, соли таҳсили ҷорӣ ҳам чандон нодуруст нахоҳад буд, чунки дар ин сурат ҷорӣ ба ибораи яклухти соли таҳсил нисбат меёбад, ки асоси он боз ҳам сол аст. Лекин агар талаботи дақиқбаёниро сахттар риоя кардан хоҳем, бояд ҷорӣ пас аз исми худаш, баъди сол гузошта шавад.
Дар ибораи адабиёти асри XV-и тоҷик низ бемувофиқатие ба назар мерасад. Дар ин ибора гӯё тоҷик ба асри XV тааллуқ дорад. Аксаран дар ин қабил ибораҳо баъди рақаме, ки садаро ифода мекунад, ҳатто изофат намегузоранд ва, масалан, менависанд: адабиёти асри X тоҷик. Дар ин навишт ибора тамоман шакли ғайритабиъӣ мегирад ва дар хондану фаҳмидани ҷумла душвориҳое

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо