Ҳар сухан ҷоеву ҳар нуқта мақоме дорад

Китоб ба масъалаҳои муҳими фарҳанги сухан ва забони тоҷикӣ бахшида шудааст. Муаллиф дар он андешаҳои худро оид ба роҳҳои такомули забон ва тарзи баён баён мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 393 саҳифа
ҳар исм бо феъли худ омада, ҳар феъл чун як феъли таркибӣ шакл мегирифт ва пурра сурат меёфт.
Дар ҷумлаи дувум созгор сифат ва мувофиқат исм аст. Як феъл — феъли намекунад якбора ҳам ба сифат ва ҳам ба исм нисбат пайдо кардааст. Мо инро, инчунин «қавлу қасам хӯрдаанд»-ро беэътиноии аввнопазире нисбат ба сухан ва таносуби ҷузъҳои он медонем.
Созгор низ ҳатман бояд ба шакли исм меомад ва гуфта мешуд: созгорию мувофиқат намекунад. Дар ин сурат феъли кардан ба ҳар ду исм — ҳам ба мувофиқат ва ҳам бо созгорӣ баробар нисбат пайдо карда метавонад.
Роҳи дигари ислоҳи хабари он ҷумла ин аст, ки боз ҳам сифати созгор бо феъли худ оварда шавад: созгор намеояду мувофиқат намекунад. Дар ин сурат феъли якум ҳам истиқлол меёбад ва як маънии муайянеро ифода менамояд.
Дар ҷумлаи поин ҳам як феъл ба ду исм нисбат ёфтааст, вале ба яке мувофиқ меояду ба дигаре не:
Агар ба касе некӣ менамуд, чунин миннат ё панд намегуфт.
Феъли гуфтан фақат ба исми панд мувофиқ омадааст (панд гуфтан), аммо исми миннат феъли карданро талаб дорад, зеро феъли миннат кардан маъмул аст.
Ба ин сабаб қисми дувуми ҷумлаи болоро ин тавр таҳрир кардан лозим буд: чунин миннат намекард ё панд намегуфт.
Носозгорӣ ва адами мувофиқат шояд боз бисёр навъҳои дигар дошта бошад. Гирд овардани навъҳои гуногуни он ва муборизаи зидди онҳо, ба фикри мо, яке аз вазифаҳои муҳими фарҳанги сухан аст.
МУАЙЯНИ ВА НОМУАЙЯНИ
Гоҳ пас аз тамом шудани консерти радио ё телевизион мегӯянд: Шумо дар иҷрои фалонӣ сурудҳо шунидед. Бо чунин суханҳо ба поён расидани консерт ба
назари камина аҷиб менамояд. Тасаввур кунед, ки мо
ҳоло ҳозир консерт шунидем ва медонем, ки фалонӣ
суруд хонд. Пас чаро он чиро, ки худ медонем, боз
ба мо мегӯянд? Ё метарсанд, ки мо нафаҳмида мондем,
ки он чи шунидем, суруд буд? Эҳтимоли ин гумон ба
мо сахт мерасад. Албатта, номи ҳофизро дар охири
консерт боз як бор гуфтан ва ҳурмати ӯро ба ҷо овардан

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо