Ҳар сухан ҷоеву ҳар нуқта мақоме дорад

Китоб ба масъалаҳои муҳими фарҳанги сухан ва забони тоҷикӣ бахшида шудааст. Муаллиф дар он андешаҳои худро оид ба роҳҳои такомули забон ва тарзи баён баён мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 393 саҳифа
Дар дастури (грамматикии) забони тоҷикӣ қоидае ҳаст, ки исм пас аз шумора дар шакли танҳо меояд. Ин қоидаи одист, ки ба ҳар як мактаббача маълум аст, вале, мутаассифона, ба баъзе аз аҳли қалам маълум нест. Чунончи, онҳо мегӯянд: «Дар 25 яслиҳои мавсимӣ кӯдакон нигоҳубин карда мешаванд»; «Дар шаҳрҳо 200 ҳазор квартираҳо сохта шуданд»; «Мактаббачагон 50 партаҳои нав гирифтанд».
Дар ин мисолҳо ба дағалтарин тариқе вайрон шудани қоидаи забони тоҷикӣ дида мешавад. Аҷобат дар ин аст, ки дар саҳифаҳои матбуот чандин бор аз ин хусус гап шуда буд, чандин бор эзоҳ дода шуда буд, ки дар ин мавридҳо «25 яслӣ», «200 ҳазор квартира», «50 парта» гуфтан лозим аст. Вале ин хато ҳамчунон давом дорад. Дар натиҷа кор ба ҷое расидаст, ки бисёр одамон пас аз шумора ҷамъ шудани исмро қоида гумон кардаанд ва дар нутқи расмӣ — дар маҷлисҳо аз рӯйи ин «қоида» амал мекунанд.
Ин аст, ки боз ҳам хатои ходимони матбуот ба хатои умумӣ табдил ёфт.
Бояд гуфт, ки дар забони тоҷикӣ гоҳ пас аз шумора ҷамъ омадани исм нодуруст нест: ду хоҳарон, Ҳафтдодарон (номи халқии як галаситораи машҳур), Чилдухтарон (номи ҷой ва афсонае), Сепулон (номи маҳалле) ва ғайра. Инҳо боқимондаи давраҳои қадими инкишофи забони мост. Як вақтҳо дар забони мо ҳам (чунонки ҳоло дар бисёр забонҳо ҳаст) шумурда ҷамъ меомад. Лекин баъдтар — дар забони адабии ҳозира қоида дигар шуд: аз аввали ташаккули забони адабӣ — аз замони Рӯдакӣ то имрӯз танҳо омадани шумурда қоидаи асосӣ мебошад. Аммо ду хоҳарон, Чилдухтарон ва монандӣ инҳо чун истиснои ин қоида асрҳо боз мавҷуданд. Мо истисноҳои имрӯзаи ин қоидаро инкор намекунем, ин истисноҳо ҳоло ҳам дар забон ҳаққу ҳуқуқ доранд. Чунончи, М. Турсунзода гуфтааст: Аз азал ҷон бо замин як гашт чун ду модарон. Ин ҳодиса дар назму насри дигар нависандагони ҳозира ҳам ба чашм мехӯрад. Аз ҷумла Гулназар мегӯяд: Сад баҳорон рафт бо сад номаам. Чунонки мебинем, дар як мисраъ аз ду шумурда яке ҷамъ ва дигаре танҳо омадааст. Дар ин маврид ҳар ду ҳам дуруст аст, лекин шумурдан ҷамъ

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо