Ҳар сухан ҷоеву ҳар нуқта мақоме дорад

Китоб ба масъалаҳои муҳими фарҳанги сухан ва забони тоҷикӣ бахшида шудааст. Муаллиф дар он андешаҳои худро оид ба роҳҳои такомули забон ва тарзи баён баён мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 393 саҳифа
аз қоида истисно буда, шумурдан танҳо мувофиқи меъёри забони адабист. Аз ин рӯ, шумурдан ҷамъ фақат гоҳ-гоҳ меояд ва нормаи забони адабии ҳозира — танҳо омадани шумурда бояд сахт риоя шавад.
Дар матбуот дар ҷамъбандӣ боз як усули вайрон мушоҳида мегардад.
Масалан, ин ҷумларо бинем: «Бисёрии онҳо мактабро тамом карда, сардорони сехҳо ё директорони заводҳо шудаанд». Дар ин ҷумла ҷамъбандии исм зарурате надорад, ин ҷо матлабро бо лафзи танҳо баён карда, «бисёре аз онҳо сардори коргоҳ ё раиси корхона шудаанд» гуфтан беҳтар буд, зеро худи мазмуни ҷумла далолат бар ин мекунад, ки ҳар кадоми онҳо дар як коргоҳ ва як корхона сардор ё раис шудаанд, на ин ки ҳар кадомашон якбора дар чанд коргоҳу корхона сардору раис шуда бошанд.
Ҷумлаи дигар: «Нархҳои равған, нон ва дигар маҳсулоти озуқаворӣ низ арзон карда шудаанд». Ин ҷо ҳам на дар мубтадо ва на дар хабар лафзи ҷамъ лозим набуд, зеро ҳар кадоме аз он чизҳое, ки дар мубтадо номбар шудааст (равған, нон), як нарх дорад, на ин ки дусе нарх дошта бошад. Бин о бар ин «нархи равған, нон...
низ арзон шуд» гуфтан даркор буд. Ҳатто азбаски мубтадои ҷумла нарх аст, дар хабар кам ё паст шуд гуфтан беҳтар буд. Аз ин хусус дар боби махсус сухан рафт.
Ҷумлаи дигар: «Тамоми ҳафта боронҳои сел бориданд». Ин ҷо ҳам лафзи ҷамъ ҳеҷ даркор нест, балки гуфтан лозим аст, ки «тамоми ҳафта борони сел борид».
Агар аз тарҷумон пурсем, ки чаро дар ин ҷумла мубтадову хабарро ба шакли ҷамъ овардӣ, ба фикри мо, ҷавоби ӯ танҳо ҳамин хоҳад буд, ки асли русии ин ҷумла чунин аст: «Всю неделю шли проливные дожди». Тарҷумон фақат шакли ҷумлаи русиро ба назар гирифтааст, аммо мантиқи ҷумлаи тоҷикиро фаромӯш кардааст.
Як хусусияти забони тоҷикӣ ин аст, ки лафзи ҷамъ дар тоҷикӣ нисбатан кам кор фармуда мешавад. Халқи мо дар бисёр мавридҳо бо шакли танҳо баъзе мафҳумҳои ҷамъталабро ҳам ифода намудааст. Калимаҳое, ки фақат ба шакли ҷамъ кор фармуда мешуда бошанд, дар забони тоҷикӣ қариб нестанд (фақат баъзе калимаҳои арабӣ дар шакли ҷамъ маъмуланд). Бисёр мазмунҳое,

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо