Зеҳн
Ҳар сухан ҷоеву ҳар нуқта мақоме дорад

Китоб ба масъалаҳои муҳими фарҳанги сухан ва забони тоҷикӣ бахшида шудааст. Муаллиф дар он андешаҳои худро оид ба роҳҳои такомули забон ва тарзи баён баён мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 393 саҳифа

ФарҳангМаърифатАдабиёт
Аз аввал хондан

забони русӣ муносибати рӯякӣ ва зоҳирист, нусхабардории маҳз аст. Суиистифодаи пешоянд дар навиштаҳои имрӯза, вазифаи изофатро ба гардани пешоянд гузоштан, ки бисёр дида мешавад, як намуна аз ҳамин зоҳирбинист.

Як нафар намояндаи халқи дигар, ки забони тоҷикиро ҳанӯз нағз ёд нагирифтааст, агар ба тоҷикӣ гап занад, одатан дар пешояндҳо бисёр хато мекунад. Гоҳ дар вақти аз назар гузаронидани матбуоти тоҷик низ чунин таассуроте ҳосил мешавад, ки гӯё ҷумлаҳои онро касоне тартиб додаанд, ки акнун забони тоҷикиро омӯхта истодаанд, вале ҳанӯз дуруст наомӯхтаанд ва намедонанд, ки, масалан, кадом феъл кадом пешояндро тақозо дорад. Ин айби ҷиддист ва аз он чашм пӯшидани мо мумкин нест.

«МУБОРИЗА» ВА ПЕШОЯНДҲОИ ОН

Дар матбуоту нашриёт калимаи «мубориза» қариб ҳамеша бо пешоянди «барои» ё «баҳри» меояд: мубориза барои сулҳ, мубориза баҳри истиқлолият ва ҳоказо. Инро, албатта, нодуруст ҳисоб кардан мумкин нест. Вале ин ҷо ҳамин чизро хотиррасон кардан мехоҳем, ки шакли аслии ин ибораҳо мубориза дар роҳи сулҳ, мубориза дар роҳи истиқлол мебошад. Инро фаромӯш кардан лозим нест ва бо калимаи «мубориза» на танҳо «барои» ва «баҳри», балки «дар роҳи»-ро низ кор фармудан даркор аст.

Дар ин маврид дар як ибора байни ду исм омадани пешоянд айб нест, зеро дар асл ин ибора ҳам пеш аз пешоянд изофат дошт ва шакли аслии он муборизаи дар роҳи сулҳ буд, вале дар забони ҳозира изофати якум афтодааст. Афтодани изофат аз баъзеи ин навъи ибораҳо ҳодисаи қонунмандест.

Дар айни замон шакли дигари ин ибораҳо низ ҳаст, ки пешояндро изофат иваз мекунад: муборизаи роҳи сулҳ, муборизаи роҳи истиқлол ва ғайра. Ин шакли ибора бештар хусусияти табиӣ дорад.

Ғайр аз ин, ҳаминро дар назар бояд дошт, ки ибораҳои аз қабили муборизи истиқлолият, муборизи саодати халқ, адиби муборизи сулҳ ва мисли инҳо ибораи сунъӣ ва сустмаънӣ мебошанд. Дар ин ибораҳо зикри калимаи «роҳ» зарур аст. Яъне он ибораҳо ин тавр бояд таҳрир кард: муборизи роҳи истиқлол, муборизи роҳи саодати халқ, адиб ва муборизи роҳи сулҳ.

пешина
аз 393
навбатӣ