Зеҳн
Ҳар сухан ҷоеву ҳар нуқта мақоме дорад

Китоб ба масъалаҳои муҳими фарҳанги сухан ва забони тоҷикӣ бахшида шудааст. Муаллиф дар он андешаҳои худро оид ба роҳҳои такомули забон ва тарзи баён баён мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 393 саҳифа

ФарҳангМаърифатАдабиёт
Аз аввал хондан

ончунон саргарми истифодаи пешоянд мебошанд, ки ҳатто ба русӣ ибора пешоянд надошта бошад ҳам, ба тоҷикӣ ибораро бо пешоянд месозанд. Аз ҷумла, саҳифаҳо аз эҷодиёт ба русӣ страницы творчества, дурдонаҳо аз «Шашмақом» жемчужины «Шашмакома» гуфта мешавад, яъне ҷузъҳои ибора дорои робитаи муайянкунандагию муайяншавандагӣ мебошанд. Ибораи тоҷикӣ ба таъкиди бевоситаи чунин робита бештар эҳтиёҷ дорад.
Ин эҳтиёҷро ба назар гирифта, на фақат саҳифаҳои эҷодиёт ва дурдонаҳои «Шашмақом», балки инчунин мусиқии кинофилмҳо, хабарҳои хориҷӣ, сатрҳои мактубҳо гуфтан лозим меояд. Дигар шакли ҷудо кардани ҷузъ аз қулл ин аст: чанд оҳанг аз кинофилмҳо, ду оҳанг аз як кинофилм, чанд сатр аз мактубҳо, чанд боб аз роман (на бобҳо аз роман!), ду-се боб аз як роман, се боб аз ин роман ва ғайра. Дар ин қолаб ширкати пешоянд зарур аст.

Ибораҳои рақс бо нақора, рақс бо ғижжак, рақс бо шамшер ва монанди инҳо низ ҳамнавъи ибораҳои боло мебошанд, яъне ин ҷо ҳам мавриди изофат аст, на пешоянд. Барои қолиби номи рақсҳоро муайян кардан ҳамин чизро ба назар гирифтан даркор аст, ки номи халқии рақсҳо, масалан, ба ин тарз аст: рақси чархи зону (рақс ба чархи зону не), рақси якқақарс (рақс бо якқақарс не). Навъи дигари номи халқии рақсҳо бо илова кардани калимаи «бозӣ» сохта мешавад:
шамшербозӣ, калтакбозӣ, кӯзабозӣ, қошуқбозӣ, рӯбоҳбозӣ ва ғайра. Дар ин калимаҳо «бозӣ» ба маънои «рақс» омадааст, яъне ба номи чизе илова шудани он номи рақсро ба миён меорад. Номи рақсҳои нави имрӯзаро низ аз ҳамин ду қолиби халқӣ гирифтан беҳтар аст. Ба ин сабаб номи асари А. Хачатурян Танец с саблями ба тоҷикӣ бояд рақси шамшер ё шамшербозӣ ва ё рақси шамшербозӣ тарҷума шавад. Дар ин мавриди «шамшербозӣ» ба маънои бозӣ доронидани шамшер хоҳад буд. Лекин, ба фикри мо, рақси шамшер беҳтар аст (ба монанди рақси якқақарс). Аз ин қиёс лозим меояд, ки ба ҷойи рақс бо нақора рақси нақора ва ба ҷойи рақс бо ғижжак рақси ғижжак гӯем.

Ниҳоят, боз ба як навъи ибораҳои пешоянддор диққат ҷалб кардан мехоҳем. Ба русӣ мегӯянд: введение к
книге, предисловие к первому изданию. Инро ба тоҷикӣ
аксаран муқаддима ба китоб, сарсухан ба чопи якум
тарҷума кардаанд. Баъзеҳо муқаддимаи китоб ва сарсухани

пешина
аз 393
навбатӣ