Зеҳн
Ҳар сухан ҷоеву ҳар нуқта мақоме дорад

Китоб ба масъалаҳои муҳими фарҳанги сухан ва забони тоҷикӣ бахшида шудааст. Муаллиф дар он андешаҳои худро оид ба роҳҳои такомули забон ва тарзи баён баён мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 393 саҳифа

ФарҳангМаърифатАдабиёт
Аз аввал хондан

балки молҳои заканафурӯшӣ, программа для работников промышленности, — барнома барои коркунони саноат не, балки барномаи коркунони саноат, фильм для детей — фильм барои бачагон не, балки филми бачагон бояд тарҷума шавад ва ҳоказо.

Чунонки дида мешавад, пешоянди для дар забони русӣ дар мавридҳои муайян чунин муносибатеро ифода мекунад, ки ба он муносибату робитаҳое, ки дар тоҷикӣ изофат ба миён меорад, хеле наздик аст. Пас дар чунин мавридҳо онро ба тоҷикӣ айнан, яъне бо пешоянди барои ифода кардан мумкин нест, балки хусусиятҳои забони тоҷикиро ба назар гирифта, изофатро ба кор бурдан лозим меояд. Он гоҳ заминаи таҳрир тоҷикӣ мешавад, сухан ранги тоҷикӣ мегирад.

Баъзе пешояндҳои дигари русӣ ҳам дар мавридҳои муайян ба тоҷикӣ бояд бо изофат ифода шаванд.

Дар навиштаҳои табибони имрӯза, чунин ибораҳоро мебинем: дору аз дарди сар, дору аз бехобӣ, дору аз гипертония ва ғайра. Инҳо тарҷумаи ибораҳои русии лекарство от головной боли, лекарство от бессонницы ва ғайраҳо мебошанд. Ин тарҷума тамоман нодуруст аст. Дар тоҷикӣ ибораҳои доруи дарди сар, доруи хоб (на доруи бехобӣ!) доруи захми меъда ва ҳоказо машҳуранд ва дар чунин мавридҳо маҳз аз ҳамин ибораҳо қолиб гирифтан даркор аст. Маълум мешавад, ки ибораи лекарство от головной боли пешоянд дошта бошад ҳам, калимаҳои ду тарафи пешоянди он дар чунин робитае, ки ба робитаи муайянкунандаю муайяншаванда, ба робитаи мансубият монандӣ дорад, воқеъ шудаанд ва пешоянд ҳамин муносибатро ба миён меорад. Чунин алоқаю муносибатҳо ба тоҷикӣ асосан бо изофат ифода мешаванд. Агар ба тоҷикӣ дар ин маврид изофатро ба кор набарем ва пешоянди русиро айнан орем, ҳамин робита ва ё шакли одатии он вайрон мешавад. Чунин ҳолат ё чизе монанди ин аз ҳамаи мисолҳое, ки дар ин боб овардем, ба назар мерасад.

Ҳаминро дар ҳаққи ибораҳое аз қабили мусиқӣ аз кинофилмҳо (тарҷумаи музыка из кинофильмов), хабарҳо аз хориҷа, саҳифаҳо аз эҷодиёт, дурдонаҳо аз «Шашмақом», сатрҳо аз мактубҳо, порча аз роман ва ғайра низ гуфтан лозим аст. Ба ақидаи мо, ин ҷо ҳам на мавриди пешоянд, балки мавриди изофат аст ва ҷузъҳои ибораро ба шакли муайянкунандаю муайяншаванда гузоштан лозим аст. Кормандони матбуот ва телевизиону радио

пешина
аз 393
навбатӣ