Зеҳн
Ҳар сухан ҷоеву ҳар нуқта мақоме дорад

Китоб ба масъалаҳои муҳими фарҳанги сухан ва забони тоҷикӣ бахшида шудааст. Муаллиф дар он андешаҳои худро оид ба роҳҳои такомули забон ва тарзи баён баён мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 393 саҳифа

АдабиётФарҳангМаърифат
Аз аввал хондан

даанд. Инҳо ҳатто тарҷума не, балки нусхабардории маҳз аст. Албатта, айнан нусха бардоштан осон, вале шакли тоҷикии ибораро ёфтан душвор аст. Рафиқон аз ҳамин душворӣ мегурезанд ва ибораҳое месозанд, ки ба табиати забони тоҷикӣ мувофиқ нест.

Чунончи, дар русӣ расстояние до Солнца гуфта шуда бошад, онро айнан ба тоҷикӣ гардондаанд; масофа то Офтоб. Ва ҳол он ки масофаи Офтоб ё масофаи то Офтоб гуфтан даркор буд. Ибораи расстояние Земли от Солнца чунин тарҷума шудааст: масофаи Замин аз Офтоб. Албатта, агар ин ибора дар дохили ҷумла ояд, боке нест: «Масофаи Замин аз Офтоб фалон қадар аст». Лекин агар он ибора чун мафҳуми муайяни илмӣ ба алоҳидагӣ гирифта шавад, тарҷумаи тоҷикии он ноҳамвор аст ва шакли рехтаи истилоҳӣ надорад. Барои ин ки он ибора андаке шакли суфта дошта бошад, лоақал, масалан, масофаи байни Замину Офтоб гуфтан лозим будагист.

Ибораи русии регистрирующий аппарат ба тоҷикӣ аппарати қайдгир тарҷума шудааст. Мо ба ин тарҷума эрод надорем. Лекин ҳамин ки ба русӣ ин ибора бо пешоянд омад: аппарат для регистрации, онро аппарат барои қайдгирӣ гуфтаанд. Ё гуфтаанд: верньер — олат барои сарҳисоби кунҷ. Ва ҳол он ки ба тоҷикӣ дар ин сурат ҳам маъноро аз ғайри пешоянд ва бо изофат ифода кардан лозим буд. Охир, ба тоҷикӣ асбоб барои намегӯянд. Дар ин масъала ҳеҷ далелу бурҳон лозим нест. Бо вуҷуди ин мехоҳем хотиррасон кунем, ки устод Айнӣ дар «Луғати нимтафсилӣ» калимаҳоро чунин шарҳ додааст: чарху дук — асбоби ресмонресӣ (асбоби барои ресмонресӣ не), адавот — олатҳои хусусии чизе (олатҳо барои... не!), аёг — косаи шаробнӯшӣ (коса барои... не!),

Аз ин рӯ, на фақат регистрирующий аппарат бояд дастгоҳи қайдгир ё қайдгирӣ ё ки дастгоҳи сабт тарҷума шавад, балки шакли пешоянддори чунин ибораҳо низ бояд бо изофат ифода гардад: аппарат для регистрации — дастгоҳи қайдгирӣ, верньер — олати ҳисоби кунҷ ва ғайра. Ҳамчунин прибор для измерения — асбоб барои андозагирӣ не, балки асбоби андозагирӣ хоҳад буд.

Аз ин қиёс шакли тоҷикии бисёр мафҳумҳои дигарро муайян кардан мумкин аст. Чунончи: товары для розничной продажи — молҳо барои чаканафурӯшӣ не,

пешина
аз 393
навбатӣ