Ҳар сухан ҷоеву ҳар нуқта мақоме дорад

Китоб ба масъалаҳои муҳими фарҳанги сухан ва забони тоҷикӣ бахшида шудааст. Муаллиф дар он андешаҳои худро оид ба роҳҳои такомули забон ва тарзи баён баён мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 393 саҳифа
истироҳат, ҳуқуқ барои маълумот. Гоҳ ин ибораҳоро бо пешоянди «ба» меоранд: ҳуқуқ ба меҳнат, ҳуқуқ ба истироҳат, ҳуқуқ ба маълумот. Дар ин ибораҳо, ба фикри мо, ҳардуи ин пешоянд (ҳам барои ва ҳам ба) бемаврид омадааст. Ин ҷо ҳам изофат лозим аст ва ибораҳоро ин тавр таҳрир кардан зарур буд: ҳуқуқи меҳнат, ҳуқуқи истироҳат, ҳуқуқи таҳсилот.
Рӯзномаҳои мо ин тавр менависанд: одам ба одам дӯст, одам ба одам бародар. Ба фикри мо, тарҷумаи ин ибораҳо дар тоҷикӣ чандон хуб нест. Ин ибораҳо дар забони тоҷикӣ асрҳо боз қолиб доранд ва зарбулмасалҳои зерин ба он қолиб рехта шудаанд: мӯъмин — бародари мӯъмин, кар — додари кӯр, гадо — душмани гадо ва мисли инҳо. Аз ин қиёс ибораҳои мазкури рӯзномаҳоро ин тавр таҳрир кардан лозим аст: одам — дӯсти одам, одам — бародари одам.
Гоҳ бо калимаи «ҳайкал» ҳам пешояндро нодуруст
меоранд. Масалан, мегӯянд: Ба фалонӣ ҳайкал гузошта
шуд. Ин ҷо аз чӣ сабаб омадани пешоянди «ба» маълум аст: аз русӣ нусха бардоштаанд. Агар мурод аз
«ҳайкал» муҷассамаи шахсе бошад, пас, ин мазмунро
на бо пешоянд, балки бо изофат ифода кардан даркор
буд: «Ҳайкали фалонӣ гузошта шуд».1
Аксаран дар вақти консерти радиою телевизион ва театрҳо мегӯянд: Дар дойра (ё танбӯр ва ё пианино) фалонӣ менавозад. Ин ибора ба назар ғайритабиъӣ менамояд. Дар забон ибораҳои «дойра навохтан», «танбӯр навохтан» ва мисли инҳо (масалан, ҳатто «танбӯр навохтани шикам» киноя аз гурусна мондан) ҳаст, лекин «дар дойра навохтан», «дар рубоб навохтан»
ва ғайра на дар гуфтугӯ ва на дар забони адабӣ ба назар нарасидааст. Пас, агар дар эълони концертҳо ҷумларо ба тарзи зерин созанд, беҳтар будагист:
«Машқи дойра: (номи машқ). Фалонӣ иҷро мекунад».
Аксари чунин ибораҳо дар натиҷаи тарҷумаи ҳарф
ба ҳарф, тарҷумае, ки ҷанбаи эҷодӣ надорад, пайдо шу-
1 Дар омади гап ҳаминро ҳам гӯем, ки баъзан дар ин маврид ба калимаи «ҳайкал» калимаи «ёдгорӣ»-ро низ илова карда, ҳайкали ёдгорӣ мегӯянд, ки низ дуруст набудагист. Агар «ҳайкал» ба маънои муҷассамаи инсон омада бошад, калимаи «ёдгорӣ» зиёд аст. Агар «ҳайкал» ба маънои иншооте (ба мисли бурчу манора ва ғайра) ояд, он гоҳ мумкин аст, ки калимаи «ёдгорӣ» (ё «ёдгор») ба он ҳамроҳ шавад.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо