Ҳар сухан ҷоеву ҳар нуқта мақоме дорад

Китоб ба масъалаҳои муҳими фарҳанги сухан ва забони тоҷикӣ бахшида шудааст. Муаллиф дар он андешаҳои худро оид ба роҳҳои такомули забон ва тарзи баён баён мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 393 саҳифа
дуранд. Гоҳ дар ин маврид пешояндҳои дигаре ҳам даркор мешаванд.
Чунончи, дар ибораи ба воситаи программаи якуми радио пешоянди русии по ба воситаи тарҷума шудааст.
Ба фикри мо, ин тарҷума ҳам саҳеҳ нест. Барномаи радиоро воситае шуморидан лозим набудагист. Азбаски барномаи радио мафҳуми шуниданро лозим дорад, ин ҷо пешоянди феъли «шунидан», яъне аз бештар мувофиқ меояд: аз барномаи якуми радио.
Аз ин мисолҳо маълум мешавад, ки мо барои ифодаи пешоянди русии по чанд пешоянди тоҷикӣ муқаррар кардаем: оид ба, аз рӯйи, ба воситаи ва ғайра. Барои ифодаи як пешоянди русӣ муқаррар шудани чанд пешоянди тоҷикӣ, бешубҳа, аз рафтори эҷодкоронаи тарҷумонҳо гувоҳӣ медиҳад. Вале бо ин муқаррароти худ маҳдуд шудан, онро ҳар дафъа айнан ва ба таври механикӣ пайравӣ намудан аз эҷодкорӣ дур аст. Аз мисолҳои боло равшан аст, ки по бояд на фақат бо оид ба, аз рӯйи, ба воситаи, балки гоҳ бо пешояндҳои дигаре ҳам ва гоҳ бо изофат ифода шавад. Ҳамаи ин имкониятҳои забони тоҷикиро истифода кардан зарур аст. Агар ҳама имконоти забон пурра истифода нашавад, забон иқтидорашро аз даст додан мегирад. Аз бисёр нозукиҳои забон чашм пӯшида ва ҳама гуногунӣ ва рангорангии тарзҳои баёнро як сӯ гузошта, фақат чанд унсури забонро ба тарзи механикӣ ба кор андохтан боиси он хоҳад гашт, ки сухан нотавон шуда, аз ифодаи ҷилову тобишҳои мантиқ оҷиз меояд.
Эм. Муллоқандов дар мақолаи мазкур («Шарқи Сурх», 1961, № 3) дар бораи оид ба баъзе мулоҳизаҳои дигаре ҳам баён кардааст, ки мо ҳамфикри ӯ ҳастем, вале ин ҷо аз такрор худдорӣ хоҳем кард.
ПЕШОЯНД ВА ИЗОФАТ
Дар матбуот калимаи «номзад»-ро бо пешоянди «ба» меоранд: номзад ба депутатӣ, номзад ба аъзой.
Ва ҳол он ки ин ҷо ҳам мавриди изофат буда, номзади депутатӣ ва номзади аъзой гуфтан мумкин аст. Устод Айнӣ ин мазмунро бо изофат адо кардааст: «Тайёрон гӯё номзадони марди мардон буданд».
Лекин мавридҳое ҳастанд, ки ба ҷойи изофат пешоянд гузоштан ҳаргиз мумкин нест.
Масалан, мегӯянд: ҳуқуқ барои меҳнат, ҳуқуқ барои

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо