Зеҳн
Ҳар сухан ҷоеву ҳар нуқта мақоме дорад

Китоб ба масъалаҳои муҳими фарҳанги сухан ва забони тоҷикӣ бахшида шудааст. Муаллиф дар он андешаҳои худро оид ба роҳҳои такомули забон ва тарзи баён баён мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 393 саҳифа

МаърифатАдабиётФарҳанг
Аз аввал хондан

чопи якум тарҷума кардаанд, яъне ба ҷойи пешоянд изофат ба кор бурдаанд. Ба фикри мо, тарҷумаи дувум дуруст аст. Дар забони адабии классикӣ чунин мафҳумҳо бо изофат ифода мешуд. Чунончи, дебочаи китоб мегуфтанд на дебоча ба китоб. Аз ин рӯ, имрӯз ҳам муқаддимаи китоб, сарсухани чопи якум, иловаи саҳифаи... (на илова ба саҳифаи...) гуфтан даркор аст.

Аз он чи дар ин боб омад, чунин натиҷа гирифтан мумкин аст, ки иборае, ки дар байни ду исм як пешоянд дошта бошад (масофа то Офтоб, асбоб барои андозагирӣ, дору аз дард, рақс бо шамшер, пешгуфтор ба китоб ва монанди инҳо), аксарияти мавридҳо чандон табиӣ наменамояд. Дар чунин мавридҳо ибораи тоҷикӣ бо изофат ба ҳам алоқаманд шудани калимаҳоро талаб дорад. Аз ин сабаб аксари он ибораҳои русӣ, ки дар байни ду исм як пешоянд доранд, ба тоҷикӣ бояд бо изофат ифода гарданд.

Агар ба масъала як назари умумӣ андозем, бояд гӯем, ки дар ибора мобайни ду исм омадани пешояндаи аз қадим дар забони тоҷикӣ расм буд. Чунончи, қолиби ибораҳое монанди суханҳои машҳури Баҳоуддини Нақшбанд хилват дар анҷуман, даст ба кору дил ба ёр машҳур буд, ибораҳои истифода аз захираҳо, бехабарӣ аз дунё, шикоят аз пирӣ дар асл тоҷикӣ буда, асрҳо боз вуҷуд доранд. Бисёрии чунин ибораҳо пеш аз пешоянд изофат дошт: марги бо дӯстон тӯй аст, масофаи то деҳ, шикояти аз пирӣ ва ғайра. Рафта-рафта дар тоҷикӣ изофати пеш аз пешоянд афтод ва ҳоло фақат дар баъзе ибораҳои устувор дида мешаваду бас. Дар навиштаҳои устодони сухани имрӯза ҳам изофат пеш аз пешоянд аҳён-аҳён дида мешавад. Чунончи, як мақолаи устод Айнӣ, ки солҳои ҷанги зидди фашизм навишта буд, «Ҳар зараррасонандаи ба одамро нест кардан даркор аст» ном дорад. Ин тарзи иборабандӣ дар форсии имрӯзӣ фаровон ба кор меравад, вале дар тоҷикии ҳозира метавон гуфт, ки аз истеъмол баромадааст. Дар тоҷикии кунунӣ фақат баъзе пешояндҳо, чунончи оид ба ва доир ба пеш аз худ изофат талаб мекунанд: гуфтугӯйҳои оид ба сулҳ, чорабинии доир ба иҷрои нақша ва ғайра. Баъзе қаламкашҳо дар ин маврид ҳам аз изофат худдорӣ мекунанд (чунончи, адабиёт оид ба мавзӯъ мегӯянд), вале, ба назари мо, ин кор нодуруст буда, пеш аз оид ба ва доир ба изофатро нигоҳ доштан даркор аст.

пешина
аз 393
навбатӣ