Зеҳн
Ҳар сухан ҷоеву ҳар нуқта мақоме дорад

Китоб ба масъалаҳои муҳими фарҳанги сухан ва забони тоҷикӣ бахшида шудааст. Муаллиф дар он андешаҳои худро оид ба роҳҳои такомули забон ва тарзи баён баён мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 393 саҳифа

ФарҳангМаърифатАдабиёт
Аз аввал хондан

воситаҳо (кор ва гар)-ро гирад, боз ҳам дар забон якрангӣ меафзояд ва мо бидуни зарурати махсусе аз меъёрҳои классикӣ дур меравем. Он гоҳ ки зарурате дар миён нест, аз меъёрҳои классикӣ дур рафтан фақат боиси кам шудани ғаномандии забон хоҳад гардид.
Барои ин ки ба ин ҳақиқат бовар ҳосил шавад, як мисол меорем. Ин мисол нишон медиҳад, ки саргармӣ бо -анда ҳам баъзан қабоҳатҳо ба вуҷуд оварда истодааст.
Ҳоло ибораи молҳои истеъмолкунандаи халқ бисёр дучор меояд. Андаке диққат кунем, тамоман равшан мешавад, ки ин ибора нодуруст сохта шудааст. Маънои он комилан хилофи он аст, ки гӯяндагон дар назар доранд: молҳои истеъмолкунандаи халқ — молҳое, ки халқро истеъмол мекунанд, на халқ онҳоро! Маънои матлуб он гоҳ ба даст меояд, ки, масалан, гӯем:
молҳои мавриди истеъмоли халқ.
Ин гуна мисолҳо гувоҳӣ медиҳанд, ки азбаски бо асоси феъл ва -анда калима сохтан осон аст, мо ба ин усул чунон одат кардаем, ки онро гоҳ ба таври механикӣ истифода менамоем. Айни ҳамин ҳолатро дар бобҳои гузашта ҳам ба муносибати асоси феъл ва пасвандҳои дигар дида будем. Пас бояд гӯем, ки дар калимасозӣ бо асоси феъл ва пасванд саргарм шудан ҳоло ба як ҳодисаи умумӣ табдил ёфта, фарҳанги суханро паст кашида истодааст. Инро дар вақти муайян кардани меъёрҳои забон ва тарзҳои калимасозиву иборабандӣ ба назар гирифтан лозим меояд.

МУАЙЯНКУНАНДАЕ, КИ «-АШ» ДОРАД

Ибораи исмии мураккабе, ки дар таркиби он як ҷузъи муайянкунанда бо бандакҷонишини -аш меояд,— духтари мӯйҳояш тиллоранг, толори шифташ баланд, пирамарди дандонҳояш сафед ва монанди инҳо дар забони адабии ҳозира чизи нав аст. Ин навъи тозаи ибора ҳангоми демократӣ гардидани забони адабӣ аз лаҳҷаҳо гирифта шуд ва, бешубҳа, имконоти забонро зиёд кард.
Лекин чунонки баъзе шакл ва тарзу воситаҳои нав дар навиштаҳои мо суиистифода мешаванд ва бе он ки зарурати махсусе дар миён бошад, ба кор мераванд.

пешина
аз 393
навбатӣ