Зеҳн
Ҳар сухан ҷоеву ҳар нуқта мақоме дорад

Китоб ба масъалаҳои муҳими фарҳанги сухан ва забони тоҷикӣ бахшида шудааст. Муаллиф дар он андешаҳои худро оид ба роҳҳои такомули забон ва тарзи баён баён мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 393 саҳифа

МаърифатАдабиётФарҳанг
Аз аввал хондан

ба фикри мо, муайянкунандае, ки -аш дорад, низ дар бисёр мавридҳо нобаҷо ба қалам меояд. Инак, чанд мисол аз як роман:
Падараш боғбони дасташ гул будааст.
Ӯ як хоначаи деворҳояш похсагини якдара дошт.
Ба меҳмонхонаи фаршаш чӯбин даромадем.
Дар ин ҷумлаҳо муайянкунандаи дорои -аш ба ҷойи калимаи мураккаб омадааст. Дар забони тоҷикӣ калимаи зебои гулдаст мавҷуд аст, ки дар ибораҳое аз қабили устои гулдаст, боғбони гулдаст меояд ва маҷози халқии пурмазмуне мебошад. Ба назари мо, ҳеҷ ҷоиз нест, ки муайянкунандаи дасташ гул ба ҷойи калимаи рехтаи гулдаст истифода шавад, зеро дар ҳусну хушсадоӣ ҳаргиз ба ин калима баробар шуда наметавонад.

Дар бораи мисоли дувум низ ҳаминро гуфтан лозим аст. Дар забони тоҷикӣ калимаи похсадевор ва ибораи хонаи похсадевор вуҷуд дорад. Пас зарурат нест, ки ба ҷойи ин ибораи кӯтоҳи пургунҷоиш ибораи даростару ноҳамвори хоначаи деворҳояш похсангин истифода гардад. Дар ҷумлаи севум, дар ибораи меҳмонхонаи фаршаш чӯбин ҳам аз калимаи сангфарш намуна гирифтан мумкин буд. Он гоҳ калимаи чӯбфарш ба миён меомад, ки ба назари мо аз фаршаш чӯбин беҳтар аст. Аммо боз беҳтар он буд, ки дар ин маврид калимаи тахтафарш истифода гардад, зеро нависанда маҳз хонаеро, ки фаршаш аз тахта аст, дар назар дорад.

Албатта, як гапро ба чанд тарз тавон гуфт. Дар
забони тоҷикӣ на фақат калимаҳои муродиф, балки
шаклҳои муродифӣ ҳам хеле инкишоф ёфтаанд. Ҳар
кас имкон ва ҳақ дорад, ки мувофиқи маврид яке аз
ду ё чанд муродифро ба кор барад. Дар ин кор қаламкашонро бояд маҳдуд кунем. Аз ин ҷиҳат дасташ гул ва гулдаст, деворҳояш похсагин ва похсадевор, фаршаш чӯбин ва тахтафарш муродифи якдигаранд ва аҳли қалам кадоми онҳоро хоҳанд, истифода
мекунанд. Дар ин ҳақиқат шубҳае нест. Лекин ҳангоме
ки ба ҷумлаҳои мазкур аз дидгоҳи ҳусни сухан нигоҳ
мекунем, бояд гӯем, ки нависанда аз ду муродифе, ки
мазмунан як бошанд ҳам, сифатан баробар нестанд,
беҳтарро монда, бадтарро интихоб кардааст. Гулдаст
ва похсадевор аз қабили калимаҳои олиҷаноби классикона мебошанд. Ин гуна калимаҳоро фақат ба чизе,

пешина
аз 393
навбатӣ