Ҳар сухан ҷоеву ҳар нуқта мақоме дорад

Китоб ба масъалаҳои муҳими фарҳанги сухан ва забони тоҷикӣ бахшида шудааст. Муаллиф дар он андешаҳои худро оид ба роҳҳои такомули забон ва тарзи баён баён мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 393 саҳифа
ва ошӯбкор, эҳтиётшаванда ва эҳтиёткор, таклидкунанда ва таклидкор, эҳтиромкунанда ва эҳтиромкор, ис- рофкунанда ва исрофкор, ислоҳкунанда ва ислоҳкор, хиёнаткунанда ва хиёнаткор, харобкунанда ва хароб- кор дар маънӣ аксаран аз якдигар фарқе надоранд. Лекин дар матбуоти ҷорӣ, асарҳои илмию оммабоб ва як қисми адабиёти бадеӣ ҳозир бештар якумиҳо, яъне онҳое, ки асоси феъл ва -анда доранд, ба кор мераванд ва дувумиҳо кам-кам фаромӯш шуда истодаанд. Ин ҳодисаи мусбат нест.
Дар баъзе мавридҳо -анда ба ҷойи пасванди -гар омада, доираи амали онро танг карда истодааст. Маъ- лум аст, ки ошӯбкунанда ва ошӯбгар, насиҳатдиҳанда ва насиҳатгар, тарбиятдиҳанда ва тарбиятгар, ҳимоят- кунанда ва ҳимоятгар, пайвандкунанда ва пайвандгар, тороҷкунанда ва тороҷгар, истисморкунанда ва истис- моргар, тӯҳматзананда ва тӯҳматгар, иғводиҳанда ва иғвогар қариб ҳамеша ба як маънӣ меоянд, аммо им- рӯз аз чӣ сабаб бошад, ки якумиҳо хеле зиёдтар аз дувумиҳо истифода мегарданд.
Албатта, калимаҳое, ки бо кор ё гар сохта шудаанд, аз муродифҳои бо асоси феъл ва -анда сохташудаи худ гоҳ дар маънӣ фарқ ҳам доранд. Чунончи, мумкин аст, ки пардоздиҳанда пардозгар набошад, зеро на фақат ҳар касе, ки ҳоло ҳозир бо пардоз машғул аст, балки бештар он кас, ки пардоз додани чизҳо касби ӯст, пар- дозгар аст. Касеро, ки фақат ҳоло ҳозир бо пардоз машғул аст, низ пардозгар ном бурдан мумкин аст, ле- кин касе, ки пардоз касби ӯст, фақат пардозгар номи- да мешавад ва ба ҳеҷ ваҷҳ пардоздиҳанда не. Дар ай- ни замон ҳар коркунанда коргар нест. Инчунин байни пайғомбаранда ва пайғомбар фарқ хеле калон аст. Гоҳ кам ё беш фарқе миёни муборизабаранда ва мубориз, ракскунанда ва раққос барин калимаҳо ҳам дида ме- шавад. Ин фарқҳоро ҳамеша дар назар доштан лозим меояд.
Вале ҳамеша чунин нест. Гоҳ калимаҳое, ки бо -анда, -кор, -гар ва дигар воситаҳо сохта шудаанд, муродифҳои ҳаммаъно мебошанд. Баробарҳуқуқӣ дар маънову вазифа бояд баробарҳуқуқии воситаҳоро аз ҷиҳати дараҷаи иштирокашон дар калимасозӣ низ таъмин намояд. Беҳтар ин аст, ки кор ва гар баробари анда дар калимасозӣ иштирок дошта бошад. Агар асоси феъл ва -анда (-кунанда, -диҳанда ва ғайра) ҷойи дигар

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё