Ҳар сухан ҷоеву ҳар нуқта мақоме дорад

Китоб ба масъалаҳои муҳими фарҳанги сухан ва забони тоҷикӣ бахшида шудааст. Муаллиф дар он андешаҳои худро оид ба роҳҳои такомули забон ва тарзи баён баён мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 393 саҳифа
«Маслиҳатгар ва роҳнишондиҳандаи қаҳрамон пи-рамарде мебошад».
Ба маънои ин роҳнишондиҳанда дар забони мо ка-лимаи раҳнамо маълуму машҳур аст. Агар калимаи навсохти роҳнишондиҳанда аз раҳнамо хушнамудтар ва хушифодатар мебуд, онро ба ҷон қабул медош-тем, лекин ҳаргиз чунин нест. Чизи нав аз куҳна беҳ-тар набошад, арзиши кирой надорад ва гоҳ зарар ме-орад, зеро қобил аст, ки моро ба гумроҳӣ барад. Калимаи роҳнишондиҳанда ҳам ба мо роҳи нави калима-созиро нишон намедиҳад, балки барои гум кардани ро-ҳе, ки медонистем, сабаб шуданаш мумкин аст.
Ибораи талаботи доимо афзояндаи аҳолӣ низ ҳоло бисёр ба кор меравад. Ба фикри мо, ин доимо афзоян-да ба ивази калимаи машҳури рӯзафзун қабул шуда-аст, вале ба ҳеҷ ваҷҳ ҷойи онро гирифта наметавонад. Худи рӯзафзун маънои рӯз то рӯз афзояндаро дорад. Пас асосе нест, ки дар ин маврид аз он даст кашем ва аз худ чизе созем. Имконияту захираҳои забонро аз назар дур гузошта, аз пеши худ калимаю ибораҳои сунъӣ сохтан аксаран ба забон худсарӣ ва харобкорӣ меорад.
Инак, ҷумлаи дигар:
«Вазифаи олимон ин аст, ки қувваи вайронкунан-даи тармаро пешгирӣ кунанд».
Ба назари мо, дар ин маврид ба ҷойи вайронкунан-да вайронкор гуфтан беҳтар буд. Вайронкор ба ҷойи вайронкунанда ҳоло ҳам гоҳ-гоҳ ба назар мерасад. Албатта, масалан, «вайронкунандаи тартиб»-ро «вайрон-кори тартиб» гуфтан мумкин нест, чунки вайронкор фа-қат сифат аст, аммо вайронкунанда исм ҳам метавонад буд ва дар ин маврид гӯё бештар ба вазифаи исм ома-дааст, ки матлуб аст. Лекин агар ба вазифаи сифат ояд, онро ба вайронкор иваз кардан мумкин аст; қув-ваи вайронкори тарма.
Яке аз тамоюлоте, ки ҳоло интишор ёфта истодааст, дар калимасозӣ ҷойи «кор»-ро ишғол кардани -анда мебошад. Бисёр калимаҳои мураккабе, ки пеш бо кор сохта мешуданд, ҳоло ба -анда сохта мешаванд. Чунончӣ, ҳоло оҳистакор не, балки оҳиста коркунанда мегӯянд, хубкор не, нағз коркунанда менависанд. Дар натиҷа сухан ранги одӣ мегирад, матонаташро аз даст медиҳад.
Шубҳае нест, ки масалан, калимаҳои ошӯбдиҳанда

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё