Ҳар сухан ҷоеву ҳар нуқта мақоме дорад

Китоб ба масъалаҳои муҳими фарҳанги сухан ва забони тоҷикӣ бахшида шудааст. Муаллиф дар он андешаҳои худро оид ба роҳҳои такомули забон ва тарзи баён баён мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 393 саҳифа
Албатта, мо он унсурҳоеро, ки дар диди аввал зиёда вонамуд мешаванд, вале барои таъкид хизмате адо мекунанд, дар назар надорем. Мақсад унсурҳоест, ки бе он ки вазифае иҷро кунанд, ба дӯши сухан сарбории нолозим мегузоранд.
Ин ҳолат, масалан, дар истилоҳоти агрегати кишткунанда, мошини даравкунанда, трактори шудгоркунанда дида мешавад. Ба фикри мо, дар ин ибораҳо кунанда зиёдатист ва онҳоро агрегати кишт, мошини дарав (ё даравгарӣ), трактори шудгор гуфтан беҳтар аст, (монанди дарахти себ, на себдиҳанда, кӯҳи нидо, на нидокунанда). Дар ин шакл низ онҳо матлабро ифода карда метавонанд. Барои намуна боз ибораи асбоби шикор ё деги манту ё ки корди ош ва монанди инҳоро ба хотир меорем. Онҳо ягон унсури ифодакунандаи амалро дар бар нагирифтаанд, вале амалро низ ифода мекунанд. Барои ин ки онҳо амалро ифода кунанд, асбоби шикоркунӣ, деги мантупазӣ ё корди ошпазӣ гуфтан лозим наомадааст. Ва хол он ки агар агрегати кишт, мошини дарав ва трактори шудгор гӯем, худи кишт, дарав ва шудгор номи амал мебошад ва дигар ҳеҷ зарурате нест, ки барои ифодаи амали онҳо боз «кунанда»-ро илова намоем.1 Ҳангоме ки ин ибораҳоро дар дохили ҷумла аз назар мегузаронем, ин ҳақиқат равшантар намоён мегардад: «Агрегатҳои кишт таъмир шуданд»; «Ҳоло дар колхоз мошини дарав бисёр аст»; «Тамоми тракторҳои шудгор ба кор баромаданд»; «Техникаи кишт ба кор тайёр шуд».
Боз як гурӯҳ калимаҳо ҳастанд, ки дар онҳо пасванди -анда ҷойи дигар воситаҳоро гирифтааст. Ин калимаҳо гурӯҳи севуми сифатҳои феълии дорои -анда мебошанд, ки аз он ҳам, ба фикри мо, як андоза худдорӣ кардан беҳтар аст.
Дар бобҳои гузашта чанд бор дидем, ки як тарз ва шаклу воситаи забон бе сабаби ҷиддӣ ҷойи дигар тарз ва шаклу воситаҳоро гирад, забон баъзе имкониятҳои худро аз даст медиҳад, ғановатӣ ва гуногунии он маҳдуд мегардад, дар сухан рангҳои ноошно пайдо мешаванд. Ин ҳолат аз фаъол шудани -анда ҳам ба мушоҳида меояд. Инро бо чанд мисол нишон медиҳем:
1 Аз ин байн «трактори нармкунанда»-ро трактори нармгар гуфтан мумкин аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё