Зеҳн
Ҳар сухан ҷоеву ҳар нуқта мақоме дорад

Китоб ба масъалаҳои муҳими фарҳанги сухан ва забони тоҷикӣ бахшида шудааст. Муаллиф дар он андешаҳои худро оид ба роҳҳои такомули забон ва тарзи баён баён мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 393 саҳифа

ФарҳангМаърифатАдабиёт
Аз аввал хондан

дар сурате истифода гардидаанд, ки ба сифати феълӣ ҳеҷ эҳтиёҷ нест.
Мо ин ҷо мавридҳои зеринро дар назар дорем:
«Суханҳои илҳомбахшандаи суханвар боиси рӯҳбаландӣ шуданд».
Шубҳае нест, ки ин ҷо -анда тамоман зиёдатист:
ба ҷойи илҳомбахшанда илҳомбахш гуфтан беҳтар буд.
Дар романе чунин ҷумла ба назар расид:
«Рӯбарӯшавӣ то чӣ андоза мушкилу дилозоркунанда будааст».
Худи дилозор чӣ камӣ дошт, ки нависанда ба он «кунанда»-ро илова кардааст? Худи дилозор озордиҳандаи дил гуфтан аст, яъне кору амалеро дар бар мегирад ва он маъноеро, ки нависанда мехоҳад, пурра ифода мекунад. Пас ба илова кардани асоси феъл ва пасванд эҳтиёҷе набуд. Нависанда бехабар мондааст, ки дилозоркунанда калимаи безеб, ҳатто бемаънист.
Инак, ҷумлаи дигар:
«Аввалин мошинаи китобчопунанда ихтироъ карда шуд».
Ин ҷо китобчопунанда аз калимаи мураккаби китобҷопкунӣ омадааст. Дар яке аз бобҳои гузашта таъкид шуда буд, ки калимаҳои китобҷопкунӣ, хатмашқкунӣ, дарстайёркунӣ ва монанди инҳо серҷузъу вазнинанд ва ба шакли ибора — чопи китоб, машқи хат, дарс тайёр кардан ё тайёр кардани дарс истифода шудани онҳо ба сухан сабукӣ ва равонӣ меорад. Ин ҳақиқат бо китобҷопкунанда ҳам тасдиқ мешавад. Калимаи китобҷопкунанда ба ҷумла монандӣ бори гароне вазнинӣ овардааст. Ва ҳол он ки аз ин бор халос шудан мумкин буд. Масалан, ба ин тарз: Аввалин мошини чоп ихтироъ шуд. Калимаи «китоб»-ро партофта, мошини чоп гӯем ҳам, ин ҷо маъни дигар намешавад. Модомки матлабро ба ин сабукӣ адо намудан имконпазир будааст, ҳатман аз сохтани калимаи вазнине худдорӣ кардан лозим буд. Дар ҷумлаи аввалин мошини чоп ихтироъ шуд, сухан аз се унсури нолозим — «китоб», «кунанда» ва «карда» озод мегардад.
Зотан яке аз шартҳои фарҳангии сухан ҳамин аст: сухан бояд аз хурдтарин унсурҳои нодаркор ва зиёдатӣ озод бошад. Он гоҳ онро сухани сабук ва равон гуфтан метавонем. Ҳар чизе, ки ба сухан барзиёд илова мешавад, моро ба дуруштӣ ва бенизомӣ одат мекунонад, суханро аз ҳолати табиъӣ маҳрум месозад.

пешина
аз 393
навбатӣ