Ҳар сухан ҷоеву ҳар нуқта мақоме дорад

Китоб ба масъалаҳои муҳими фарҳанги сухан ва забони тоҷикӣ бахшида шудааст. Муаллиф дар он андешаҳои худро оид ба роҳҳои такомули забон ва тарзи баён баён мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 393 саҳифа
калимаҳои сергап ва пургӯй вуҷуд намедошт, маҷбуран сифати феълӣ сохтан ҷоиз буд. Сифати феълии «бисёр гапзананда»-ро он кас ба кор мебарад, ки аз мавҷудияти калимаҳои «сергап» ва «пургӯй» хабар надорад ё афзалияти онҳоро бар ин сифати феълӣ ҳис намекунад. Ҳар ду ҳолат ҳам афвнопазир аст.
Ибораи «чароғи бо газ даргиранда» низ чунин аст. Ин ҷо мавриди он аст, ки калимаи газчироғ сохта шавад (монандӣ шамъчироғ, ҷинчироғ, шабчироғ). Чунин имконияти олиҷанобро аз даст додан боиси он шудааст, ки як ибораи дароз, як сухани одии безеб ба миён ояд.
Камхӯр, сергап, пургӯй, газчироғ калимаи мураккаб мебошад. Дар мисолҳои боло ибораи сифати феълӣ ба ҷойи ҳамин калимаҳои мураккаб омадааст, яъне боз ҳам ба ҷойи калима ибора истифода шудааст. Ва ҳол он ки бидуни зарурате ба ҷойи калима истифода гардидани ибора ё ба ҷойи ибора кор фармуда шудани калима дар забон айби хурд нест.
Албатта, як матлабго ба чанд шакл баён кардан мумкин аст: бо як калима ё бо як ибора ва ҳатто бо як ҷумла. Гоҳ ҳамаи ин шаклҳо баробарҳуқуқанд ва яке аз онҳоро набояд бартар донист. Лекин гоҳ масъала ранги дигар дорад: мувофиқи маврид яке аз он тарзҳои ифодаро айни муддао ва дигарҳоро номатлуб бояд шуморем. Дар матни муқаррарӣ аз ғайри зарурати махсусе ба ивази як калимаи кӯтоҳи камхӯр ё сергап ё ки газчироғ омадани ибораи ноҳамворе чунин мавриди номатлуб аст.
Дар бобҳои гузашта чандин бор бовар ҳосил кардем, ки мо қадри калимаи мураккабро намедонем, дар мавридҳои зарурӣ дуруст сохтани калимаи мураккабро ёд нагирифтаем ё фаромӯш карда истодаем. Яке аз сабабҳои он бо роҳи осон рафтан, аз ҷумла дар ҳар маврид ба сифати феълӣ рӯй овардан мебошад.
Сифатҳои феълии бо -анда сохташуда, ки ҷойи калимаи мураккабро гирифтаанд, як гурӯҳро ташкил мекунанд.
Гурӯҳи дувуми сифатҳои феълӣ, ки бо -анда сохта шудаанд, онҳоеанд, ки тамоман безарурат омадаанд,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё