Зеҳн
Ҳар сухан ҷоеву ҳар нуқта мақоме дорад

Китоб ба масъалаҳои муҳими фарҳанги сухан ва забони тоҷикӣ бахшида шудааст. Муаллиф дар он андешаҳои худро оид ба роҳҳои такомули забон ва тарзи баён баён мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 393 саҳифа

МаърифатАдабиётФарҳанг
Аз аввал хондан

мақсади гӯянда ин нест Вай таъкид кардан мехоҳад, ки мероси шоир умуман ғановатманд аст ва аз ҳамин сабаб омӯхтани он аҳамияти калон дорад. Пас бо
-тарин таъкид кардани ғановатмандии дар ин мавриди ҷоиз набуд, зеро ба гап маънои дигар медиҳад, фикри хонандаву шунавандаро ба дигар тараф мебарад, аз аслӣ мақсад дур мекунад. Аз ин рӯ, мақсадро, бе -тарин ифода кардан даркор буд. Кифоя буд, бигӯяд: Омӯхтани мероси ғании ин шоир аҳамияти калон дорад.

Дар ин мавридҳо маъниро вайрон кардани -тарин аз ҷумлаи зайл ҳам маълум мешавад:
Шоир хислатҳои наҷибтарини доҳиро тасвир намудааст.

Ин ҷо ҳам маъно ҳамин аст, ки гӯё фақат наҷибтарин хислатҳо тасвир шудааст, яъне доҳӣ хислатҳои дигар ҳам дошт, ки шоир онҳоро тасвир накардааст.
Ва ҳол он ки боз ҳам мақсади муаллиф ин нест. Муаллиф гуфтанӣ буд, ки хислатҳои доҳӣ наҷиб аст ва онро шоир тасвир кардааст. Модомки чунин аст, матлабро ин тарз адо кардан лозим буд: Шоир хислатҳои наҷиби доҳиро тасвир намудааст.

Хуллас, ки ин мавридҳо ҳаргиз мавриди таъкиди бо
-тарин нест. Ба тоҷикӣ фақат дараҷаи олии сифатро таъкид кардан лозим бошад, фақат як сифатро аз дигар сифатҳо хеле боло гузоштан даркор шавад, «-тарин»-ро кор фармудан мумкин аст. Дар ин мавридҳо қолиби Русиро айнан истифода кардан боиси хароб шудани маънои сухани тоҷикӣ мегардад.

Аз ин ҷиҳат ҷумлаи зерин маънои дуруст медиҳад:
Шоир давраҳои пурхатартарини ҳаёти халқро хотиррасон менамояд.

Ин ҷумла аз он сабаб мақсадро дуруст ифода мекунад, ки гӯянда дараҷаи олии як ё якчанд давраи ҳаёти халқро таъкид кардааст: ҳаёти халқ давраҳои пурхатар бисёр дошт, аммо шоир пурхатартарини онҳоро хотиррасон менамояд.

Дигар масъалае, ки ба муносибати пасванди -тарин гӯшрас кардан мехоҳем, ин аст, ки сифати олӣ, ки бо -тарин сохта шудааст, аз исм пеш гузошта шавад, беҳтар аст. Дар забони имрӯза сифати олиро гоҳ пеш аз исм мегузоранд (калонтарин хона) ва гоҳ аз паси исм (хонаи калонтарин). Дар навиштаҳои устод Айнӣ ҳам ҳол ҳамин аст. Ҳар ду ҷойи сифати олиро дар забони адабии ҳозира меъёр ҳисобидаанд, ки дуруст аст.

пешина
аз 393
навбатӣ