Ҳар сухан ҷоеву ҳар нуқта мақоме дорад

Китоб ба масъалаҳои муҳими фарҳанги сухан ва забони тоҷикӣ бахшида шудааст. Муаллиф дар он андешаҳои худро оид ба роҳҳои такомули забон ва тарзи баён баён мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 393 саҳифа
Лекин ҳоло пас аз исм гузоштани он расм шуда истодааст. Ва ҳол он ки дар забони адабии классикӣ сифати олӣ аз исм пеш неомад (калонтарин хона). Ба фикри мо, инро фаромӯш кардан лозим нест. Ин ҳам мавридест, ки аз меъёри классикӣ қатъи алоқа накардан беҳтар аст. Сифати олӣ аз муайяншаванда пеш ояд, сухан хуштар садо медиҳад, ҷиддияти он зиёдтар мешавад.
«ЯКЕ АЗ»
ЯК мавриди хароб шудани мантиқи сухан он аст, ки дар навиштаҳои имрӯза бисёр вақтҳо баъди яке аз исм ба шакли танҳо меояд:
Фирдавсӣ яке аз шоири бузурги ҷаҳон аст.
Ӯ яке аз муаллими пешқадами мактаб мебошад.
Ин факт яке аз қадимтарин далели рабобити адабӣ буд.
Дар чунин ҷумлаҳо аз байн рафтани мантиқ аз он ҷост, ки қаламкашҳои мо аз як шоир ё як муаллим боз як кас ҷудо кардан мехоҳанд. Ин кори онҳо баробари он аст, ки аз як садро баровардагӣ шаванд.
Дар чунин ҷумлаҳо фақат он гоҳ, ки баъди яке аз исм ба шакли ҷамъ ояд, сухан маъно пайдо мекунад:
Фирдавсӣ яке аз шоирони бузурги ҷаҳон аст.
Ӯ яке аз муаллимони пешқадами мактаб мебошад.
Ин факт яке аз қадимтарин далелҳои рабобити адабӣ буд.
Маънои ин ҷумлаҳо ҳамин аст, ки шоирони бузург бисёранд ва Фирдавсӣ яке аз онҳост, дар мактаб муаллимони пешқадам чанд нафаранд ва яке аз онҳо ин муаллим аст. Ин гап маъно дорад, аммо яке аз шоир на яке аз муаллим аз маъно маҳрум аст.
Дигар шакли нодурусти истифодаи яке аз ин аст:
Яке аз муҳимтарин вазифа ин аст, ки..
Мулоқот дар яке аз калонтарин боғ гузашт.
Ман аз вафодортарин шогирди шумоям.
Дар ин мавридҳо ҳам маъниро фақат бо исми ҷамъ ифода кардан мумкин аст: яке аз муҳимтарин вазифаҳо, яке аз калонтарин боғҳо, аз вафодортарин шогирдон.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё